Наметавонам канор бимонам: Тоҷикистонӣ ба пок кардани соҳилҳои Анапа рафт – видео

Обуна шудан
Садҳо сокинон ва ихтиёркорон аз шаҳрҳои мухталифи Русия дар мубориза бо фалокати экологӣ дар Анапа муттаҳид шудаанд. Як ҷавони тоҷик ҳам ба онҳо пайваст
Масрур Отамуродов, зодаи Тоҷикистон натавонист канор монад ва дар ҳайати гурӯҳи ихтиёркорон аз ҷунбиши экосистема ба соҳили баҳри Сиёҳ рафта, соҳилҳоро аз мазут тоза ва паррандагонро наҷот медиҳад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо ин ихтиёркор суҳбат кард ва аз зиндагии ҳаррӯзааш пурсон шуд.
Як моҳ пеш дар Баҳри Сиёҳ чунин фалокате рух дод, ки Русияи муосир онро ҳеҷ гоҳ надида буд. Сабаб ғарқ шудани киштиҳои нафткаш буд. Ҳазорҳо тонна мазут ба об рехта, окибатхои ногувор ба амал овард.
Аз тарбияи насли наврас то кишоварзию Наврӯз: Аҳмадзода ба масъулин чӣ супориш дод?
"Ман ҳамроҳ бо созмони "Экосистема"-и ҷунбиши вилояти Маскав ба соҳили Баҳри Сиёҳ рафтам. Онҳо, ки бо Ҷунбиши Ҷавонони Фронти Халқӣ ҳамкорӣ доранд, ба мо пешниҳоди сафар карданд. Панҷ нафар ба кумак рафтем - ман ҳамроҳи шарикам Егор Енов ва се духтар барои наҷоти паррандагон омадем."
Ба гуфтаи ӯ, ҳарду кишварро баробар дӯст медорад ва аз ин рӯ натавонистааст канор монад.
"Тоҷикистон падари ман ва Русия модари ман аст. Ва ман бетафовут набудам, ба соҳили Баҳри Сиёҳ рафтам, зеро мо як сайёра дорем ва як мушкили умумӣ дорем. Мо, мардум бояд сайёраро наҷот диҳем, пок кунем ва кумак кунем", - афзуд инихтиёркор.
Шерализода: То 30% пиряхҳои Осиёи Марказӣ метавонанд то соли 2050 нобуд шаванд
Масрур 20 сол дорад ва дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба дунё омада, ба воя расидааст. Соли 2021 ӯ ҳамроҳи падараш ба Русия – ба Воронеж кӯч баст. Ҷавон дар Донишкадаи технологияҳои олии Воронеж дар ихтисоси барномасоз таҳсил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0