https://sputnik.tj/20250211/muftii-tojikiston-hamla-kard-zindon-ravon-1066177027.html
Нафаре, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд
Нафаре, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Марде, ки ба муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо корд ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
2025-02-11T09:26+0500
2025-02-11T09:26+0500
2025-02-11T11:14+0500
муфтиёти тоҷикистон
дар тоҷикистон
саидмукаррам абдулқодирзода
муфтӣ
парванда
маҳкум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031620106_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_930206d1ba65451e724c987422ea8681.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Нафаре, ки моҳи сентябр Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистонро бо корд захмӣ кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, иттилоъ додааст як манбаъ азДодгоҳи олии кишвар ба хабаргузории РИА “Новости”."Ҷавони 24-сола, донишҷӯи собиқ, ки моҳи сентябри соли гузашта ба раиси Шӯрои уламо, муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо корд ҳамла карда буд, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд", - афзуд манбаъ.Илова бар ин, манбаъ қайд кардааст, ки дар пайванд ба ҳамла Саидмукаррам Абдулқодирзода се нафар ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд.Бояд қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳувияти гумонбарон, махсусан ҷавони ҳамлагар маълумот надодааст, фақат маълум аст, ки падараш омӯзгор ва модараш фаррош мебошад. Он ҷавон донишҷӯ буд, 24 сол доштааст.Қаблан, Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ҷавоне, ки ба ӯ бо корд ҳамла кард, аз гуноҳаш пушаймон шудааст. Муфтӣ ӯро ба ифротгароӣ муттаҳам кард.Бояд гуфт, ки рӯзи 11-уми сентябр наздикии шом як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кард, ки дар натиҷа муфтии кишвар захм бардошт.Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард ва бар зидди ӯ “парвандаи ҷиноятӣ” боз кардаанд. Аммо ному насаби он ҷавонро зикр накард ва нагуфт, ки бар зидди ӯ бо кадом модда парванда боз шудааст.
https://sputnik.tj/20250131/megirist-pushaymon-muftii-tojikiston-hamla-1066067737.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031620106_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_f2e812a8ccc26a61a0207ee47af8136c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муфтӣ, ҳамла, парванда, равонаи зиндон, маҳкум, саидмукаррам абдуқодирзода
тоҷикистон, муфтӣ, ҳамла, парванда, равонаи зиндон, маҳкум, саидмукаррам абдуқодирзода
Нафаре, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд
09:26 11.02.2025 (Навсозишуда: 11:14 11.02.2025) Марде, ки ба муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо корд ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Нафаре, ки моҳи сентябр Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистонро бо корд захмӣ кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, иттилоъ додааст як манбаъ азДодгоҳи олии кишвар ба хабаргузории РИА “Новости”.
"Ҷавони 24-сола, донишҷӯи собиқ, ки моҳи сентябри соли гузашта ба раиси Шӯрои уламо, муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо корд ҳамла карда буд, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд", - афзуд манбаъ.
Илова бар ин, манбаъ қайд кардааст, ки дар пайванд ба ҳамла Саидмукаррам Абдулқодирзода се нафар ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд.
Бояд қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳувияти гумонбарон, махсусан ҷавони ҳамлагар маълумот надодааст, фақат маълум аст, ки падараш омӯзгор ва модараш фаррош мебошад. Он ҷавон донишҷӯ буд, 24 сол доштааст.
Қаблан, Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ҷавоне, ки ба ӯ бо корд ҳамла кард, аз гуноҳаш пушаймон шудааст. Муфтӣ ӯро ба ифротгароӣ муттаҳам кард.
Бояд гуфт, ки рӯзи 11-уми сентябр наздикии шом як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кард, ки дар натиҷа муфтии кишвар захм бардошт.
Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард ва бар зидди ӯ “парвандаи ҷиноятӣ” боз кардаанд. Аммо ному насаби он ҷавонро зикр накард ва нагуфт, ки бар зидди ӯ бо кадом модда парванда боз шудааст.