“Мегирист ва пушаймон буд” – шарҳи муфтии Тоҷикистон дар бораи ҳамла ба худаш

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2025
Обуна шудан
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бархе аз ҷузъиёти мурофиаи судӣ дар робитаи ҳамла ба ҷонашро ошкор кард
ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Муфтии Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта аз як ҳамла бо корд, ки аз сӯи мақомот “авбошӣ” арзёбӣ шуд, ҷон ба саломат бурда буд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ё раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи мавзуъ гуфт, мурофиаи судии шахси ҳамлавар идома дорад ва анҷом нашудааст.
“Мо дар як давлати қонунмеҳвар зиндагӣ дорем ва бархӯрд бо ҷинояткор қонунӣ сурат мегирад. Паёми шахсиам ин аст, ки Худованд ӯро ҳидоят кунад”, - гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Вай афзуд, шахсан аз ӯ даъват шуда буд, аммо ба далели масруфиятҳои вазифавӣ натавонистааст, ки дар ҷаласаҳои судӣ ҳузур ёбад ва ӯро як нафар намояндагӣ мекунад.
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2024
Ба ҳамлагари муфтии Тоҷикистон то 7 соли зиндон таҳдид мекунад
“Намояндаи мо гуфт, ки он нафар (шахси ҳамлавар) мегиристу изҳори пушаймонӣ мекард ва мегуфт, маро ба васваса андохтанд, таҳрик доданд ва гумроҳ карданд. Ман намефаҳмидам, ки чӣ кор мекунам. Аз ҳазрати муфтӣ аз номи ман узр бихоҳед. Ман бисёр пушаймонам. Аммо то ба ҳол шахсан ман ӯро надидам”, - гуфт раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Ҳамла ба ҷони Саидмукаррам Абдулқодирзода бегоҳи 11 сентябр, пас аз намози мағриб дар саҳни Масҷиди марказии Душанбе иттифоқ афтод. Як ҷавон, бино ба хабари расмӣ, бо “асбоби халандаю бурранда” ба ӯ ҳамла бурда, ба ӯ ҷароҳат расонда буд.
Он рӯзҳои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳамларо “авбошӣ” унвон карда, хабар дода буд, ки ҷавонро боздошт кардааст.
Аммо бино ба гуфтаи Саидмукаррам Абдулқодирзода, ин ҳамла авбошӣ набуда, балки аз сӯи “маҷмъае аз ифротиён” анҷом шудааст.
Лентаи хабарҳо
0