Рубл коҳиш ёфту евро гарон шуд: бозори арз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2025
Обуна шудан
Пас аз гаронии ногаҳонии ҳафтаи қаблӣ арзиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ 2 сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Қимати асъори русӣ дар қиболи арзи миллӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 115,9 сомонӣ арзиш дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод то ду сомонӣ камтар аз охири ҳафтаи қаблӣ аст, ки он замон ҳар ҳазор рубл 116,9 сомонӣ буд.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам каме поин шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9423 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9408 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ каме боло рафта, ҳар евро 11,3576 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,3417 сомонӣ медоданд.
Фирдавс Толибзода, глава Нацбанка Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2025
Бонки миллии Тоҷикистон аз беҳтар шудани вазъи низоми бонкӣ дар кишвар хабар дод
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
Лентаи хабарҳо
0