Бонки миллии Тоҷикистон аз беҳтар шудани вазъи низоми бонкӣ дар кишвар хабар дод

© SputnikФирдавс Толибзода, глава Нацбанка Таджикистана
Фирдавс Толибзода, глава Нацбанка Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2025
Обуна шудан
Таҳти роҳбарии раиси Бонки миллӣ ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми молиявӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар ин ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода қайд намуд, ки Бонки миллӣ барои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешидааст.
Ба гуфтаи вай, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдорӣ бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома ёфтааст.
Толибзода қайд кард, ки аз рӯйи нишондиҳандаҳои асосӣ вазъи низоми бонкӣ ва суғурта дар соли 2024 беҳтар гардида, васеъ шудани доираи хизматрасониҳои онҳо ба мушоҳида мерасад.
“Ҷиҳати фаъолияти устувори низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки барои иҷрои саривақтии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои солҳои 2022-2026, чораҳои зарурӣ андешанд”, - қайд кард ӯ.
Вай илова кард, ки ҳамчунин ташкилотҳои қарзии молиявӣ бояд пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ, беҳтар намудоянд.
Заглушка к инфографике - Типы экономик в странах Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2024
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кадом шаклҳои иқтисод бартарӣ доранд?
Толибзода хостори андешидани тадбирҳо барои мустаҳкам намудани заминаи сармоявӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан маблағгузориҳои дарозмуҳлат, баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти кормандон, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳои киберӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ шуд.
Ҳамчунин раиси Бонки миллӣ ба ташкилотҳои молиявӣ барои рафъи камбудиҳо барои муайянкунии қурби асъор ва ба роҳ мондани назорати қатъӣ дар амалиётҳои асъорӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро дар соли 2025 супориш дод.
Фирдавс Толибзода барои аз иштирокдорон даъват кард, ки дар таъмини рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Лентаи хабарҳо
0