“Бидуни сиёсат”: чаро содироти сементу ангишт коҳиш ёфт?

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкДобыча угля, архивное фото
Добыча угля, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2025
Обуна шудан
Тайи ду соли ахир содироти ангишту сементи Тоҷикистон дар пайи вазъи боҷи гумрукӣ аз сӯи Ӯзбекистон ва Афғонистон коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Соли 2024 дар Тоҷикистон 4,3 миллион тонна семент тавлид шудааст, ки нисбат ба соли пешин 104 ҳазор тонна камтар аст.
Тавре Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти хабарии ҷамъбастӣ тавзеҳ дод, ки ин ба истеҳсоли зиёд ин маҳсулот дар Узбекистон, ки яке аз ду кишвари воридкунандаи аслли ангишти ҷумҳурӣ дар баробари Афғонистон аст, рабт дорад.
Барои фаҳмидани сатҳи таъсир, танҳо ба рақамҳо нигаред. Дар соли 2024 ҷумҳурӣ ҳамагӣ 655,9 ҳазор тонна семент ба маблағи 26,5 миллион доллар содир кардааст, ки нисбат ба соли 2023 285 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2022 727 ҳазор тонна камтар аст. Ин коҳиши шадиди фурӯши хориҷӣ ба боҷи гумрукии Тошканду Кобул марбут аст.
Ба ин тартиб, соли гузашта Афғонистон боҷи воридоти ангишт аз Тоҷикистон барои ҳар тоннаро аз 5 то 50 доллар боло бурда, дар Узбекистон барои содироти семент ба 300 доллар боло рафтааст.
Аммо мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки тасмимоти мақомоти кишварҳои ҳамсоя ангезаи сиёсӣ надорад, балки ба хотири ҳифзи истеҳсолоти ватаниашон гирифта шудааст.
“Он гуна ки мо талош мекунем, бозори худро ҳифз кунем, онҳо ҳам талош мекунанд, ки бозор ва манфиатҳои иқтисодии худро ҳифз кунанд”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Дар робита ба ин, ҳоло мақомоти Тоҷикистон роҳҳои дигари таъмини содиротро баррасӣ дорад. Агар қаблан қисмати умдаи содироти ангишти Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон рост меомад, аммо дар миёни ду сол худи Толибон* на фақат ба худкифоӣ расиданд, балки қисмати умдаи содироти он ба Покистонро низ ба даст гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2024
Супориши Аҳмадзода: Ангишт захира кунед ва ба фасли зимистон омода шавед
“Ҳоло дар қаламрави Афғонистон 113 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият дорад, ки ба ҷуз талаботи дохилӣ, рӯзона 3 ҳазор тон маҳсулот ба Покистон содир мекунанд. Соли гузашта 4,5 миллион тон ангишт ба Ӯзбекистон фурӯхтаанд”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Чунин вазъият дар Узбекистон бо сементи тоҷик низ ба вуҷуд омадааст. Ба қавли мақомот, сабаби даст кашидани Ӯзбекистон аз харидории сементи Тоҷикистон афзойиши истеҳсоли он дар худи он кишвар аст, зеро агар соли 2012 корхонаҳои сементи Ӯзбекистон солона 12 миллион тон тавлид доштанд, ҳол ин рақам ба 30 миллион тон расидааст. Теъдоди корхонаҳо ҳам аз 3 ба 8 адад расид ва молики се корхона ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
Бо ин вуҷуд ки дарвозаи бозори Ӯзбекистон ба рӯи ангишти Тоҷикистон боз шуд, ин ҳамсоякишвар бо вазъи 300 доллар сари тон дарвозаи содирот ба сементи тоҷикиро баст, зеро агар як тон семент ҳудуди 50 доллар бошад, изофа шудани ин маблағ тамоми шонси рақобатро аз даст гирифт.
Бино ба додаҳои гумрукӣ, Тоҷикистон соли гузашта ба Ӯзбекистон 260,2 ва Афғонистон 393,7, дар умум 655,9 ҳазор тон ба маблағи 26,5 миллион доллар семент содирот кардааст, ки дар қиёс бо соли 2023 285 ва соли 2022 727 ҳазор тон коҳиш ёфтааст.

Анборҳои пурро чӣ тавр метавон холӣ кард?

Дар баробари ин, соли гузашта 17 корхонаи Тоҷикистон дар 13 кон ҳудуди 2 миллиону 570 ҳазор тон ангишт истихроҷ кардаанд. Бақияи ангишт ҳудуди 765 ҳазор тон, ё 520 ҳазор тон зиёд аз аввали сол аст. Дар умум соли гузашта истихроҷи ангишт дар қиёс бо соли 2023 485 ҳазор тонро ташкил додааст. Фурӯши ангишт 2 миллион тон будааст, ки ҳамагӣ 6,1% - ро содирот ташкил мекунад.
Семент, ки намешавад онро захира кард, дар соли гузашта дар ҳаҷми 4,3 миллион тон ё 65% - и ҳаҷми умуми тавлидоти саноатии Тоҷикистон, истеҳсол шуда, фақат 15% - и он ба хориҷ содир шудааст. Ва танҳо бозори он дар ҳоли ҳозир Афғонистон аст, ки бино ба иттилои мавҷуд, низ талош дорад корхонаҳои сементи худро дошта бошад ва аз воридоти он даст кашад.
Руки с углём - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Истихроҷи беш аз 1 млн. тон ангишт дар вилояти Суғд
Коҳиши содирот ва аз даст рафтани бозорҳо, бидуни баҳс, ба коҳиши тавлидот ва табъан адами рушди соҳот меорад, ки як нишонааш баста шудани 6 корхонаи ангишт ва 21 корхонаи масолеҳи сохтмонӣ аст.
Директори Агентии содироти Тоҷикистон мегӯяд, корхонаҳои бузурги семент ягон мушкили хос надоранд ва моли худро дар худи Тоҷикистон низ мефурӯшанд.
“Ҳамин сохтмонҳое, ки дар саросари кишвар, қабл аз ҳама, шаҳри Душанбе идома доранд, сементи зиёд талаб мекунанд. Мо ҷое аз ягон корхона нашунидаем, ки дар фурӯши тавлидоти худ ягон мушкил дошта бошад. Аммо вақте содирот ҳаст, онҳо бештар тавлид ва рушд хоҳад кард”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Ҳол ин суол пайдо мешавад, ки “даврони тилоӣ” – и корхонаҳои ангишту семент ба охир мерасад ва ё роҳҳои дигаре барои рушди онҳо вуҷуд дорад ва ё ҳам дар як калом, чӣ гуна мешавад соҳаҳоро на фақат ки наҷот, балки рушд дод?
Вазири саноат ва технологияҳои нав мегӯяд, муҳим доштани захираҳо ва муҳимтар аз он бархӯрди оқилона ба истифода аз ин захираҳо аст.
“Ба гунаи мисол, аз ангишт метавон қариб 15 маҳсули дигар ба даст овард, ки барои тамоми соҳаҳои дигари иқтисод, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва ғайра истифода мешаванд, назири коксу гази кокс, поруи минераливу нафталин, пласмас ва ғайра”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай афзуд, захираҳои тасбитшудаи ангишти Тоҷикистон беш аз 10 миллиард тонро ташкил мекунад, ки дар минтақа беназир аст.
“Ҳоло мо сари тарҳи як маркази интиқол дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон кор мекунем, то аз он ҷо тариқи навор (лента) ангиштро ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳем. Як тарҳи дигар роҳи оҳани “Панҷакент – Самарқанд” аст, ки аҳамияти стратегӣ дорад ва ба рушди иқтисоди ҳарду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад дод”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.
Цементный завод. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2025
Содироти 15% сементи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Узбекистон ва Афғонистон
Ба ҳамин минвол, вай аз мавҷудияти тарҳҳое барои истифодаи босамари семент гуфт, ки бино ба онҳо, ҳам соҳа рушд мекунад ва ҳам ба ҳалли мушкили манзил дар кишвар расидагӣ хоҳад шуд.
“Масалан, рушди демографии мо дар ҳоли ҳозир беш аз 2,5% аст ва мо ба манзили бештар ниёз дорем. Аз пешниҳодҳои мо ба ширкатҳо яке ин аст, ки як барномаи “Хонаи арзон” – ро рӯи даст гирем ва барои мардум манзил сохта, ҳам мушкили манзилро ҳал кунем”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай афзуд, дар пайи ин барнома ниёз ба эҷоди корхонаҳои оҳану бетон, ки дар замони Шӯравӣ вуҷуд доштанд ва технологияҳои нав пайдо мешавад ва бо ин ҳама тадобир ҳам истеҳсоли сементро ҳифз мекунем ва ҳам соҳаро рушд хоҳем дод.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0