Содироти 15% сементи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Узбекистон ва Афғонистон

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаЦементный завод. Архивное фото
Цементный завод. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2025
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон соли 2024 истеҳсоли семент дар ҳудуди кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Узбекистон дар соли гузашта дар баробари Афғонистон яке аз ду харидори асосии сементи Тоҷикистон буд.
Ба иттилои вазорат ҳиссаи корхонаҳои сементбарорӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 65%-ро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли семент ба 4,3 млн тонна расида.
Қайд карда шудааст, ки аз ин миқдор 655,9 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ӯзбекистон 260,2 ҳазор тонна ва Афғонистон 393,7 ҳазор тонна ба маблағи 26,5 млн доллари ИМА содирот гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нишондоди соли пешина 285 ҳазор тонна кам мебошад.
Вазири саноат кам шудани истеҳсоли сементро ба афзоиши тавлиди ин намуд маҳсулот дар Узбекистон рабт дод.
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2023
Дар Суғд истеҳсоли семент коҳиш ёфт
Ҳаҷми сементи содиротшуда 15% ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгардидаро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки давоми соли 2024 аз ҷониби корхонаи нави сементбарории “Тоҷиксемент” ба Афғонистон 44,4 ҳазор тонна семент ба маблағи 23,1 млн сомонӣ содирот гардидааст.
Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 655 ҳазор тонна семент содир кардааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 30 дарсад камтар аст.
Лентаи хабарҳо
0