https://sputnik.tj/20240709/suporishi-ahmadzoda-angisht-zakhira-zimiston-1063460401.html
Супориши Аҳмадзода: Ангишт захира кунед ва ба фасли зимистон омода шавед
Супориши Аҳмадзода: Ангишт захира кунед ва ба фасли зимистон омода шавед
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд дар ба мақомдорон барои захираи ангишту ҳезум дар давраи тирамоҳу зимистон ва иҷрои саривақтии кишти такрории зироати кишоварзӣ супоришҳо дод
2024-07-09T14:39+0500
2024-07-09T14:39+0500
2024-07-09T14:39+0500
дар тоҷикистон
суғд
раҷаббой аҳмадзода
зимистон
ангишт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/09/1063460232_269:239:1280:808_1920x0_80_0_0_261d5e3f3c3ddccbc94ba60b596530fe.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ахиран бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар бинои ҳукумати вилоят машварати корӣ сурат гирифт, ки дар он роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.Дар ин ҷаласа масоили омодагии саривақтии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои фаъолияти бонизом дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ва гузаронидани кишти такрории зироати кишоварзӣ баррасӣ шуд.Муовини якуми Раиси вилоят ва муовинони Раиси вилоят дар ин ҷаласа дар бораи таъмини муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, гузориш дод.Ин дар ҳолест, ки роҳбари вилоят дар ин ҷаласа барои захираи ангишту ҳезум барои давраи тирамоҳу зимистон, иҷрои саривақтии нақшаи кишти такрории зироати кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани замин, гирифтани ду-се ҳосил, истифодаи тухмиҳои хушсифат супоришҳои мушаххас додааст.Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ҷалби сармоя ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби кадрҳои ҷавон ба кор, таъмини муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, таълиму тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбияи фарзандон, пешгирии зиёдаравӣ дар тӯйю маъракаҳо, мубориза бар зидди хурофотпарастӣ, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таъкид ва ба масъулин супориш дод.
https://sputnik.tj/20240625/snickers-tojiki-zardolu-khushki-sugd-rusiya-arupo-sodirot-1063334916.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/09/1063460232_261:89:1280:853_1920x0_80_0_0_b961020aec7a00468bc600c957140261.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, захира, ангишт, зимистонгузорӣ, супориш, раҷаббой аҳмадзода
тоҷикистон, суғд, захира, ангишт, зимистонгузорӣ, супориш, раҷаббой аҳмадзода
Супориши Аҳмадзода: Ангишт захира кунед ва ба фасли зимистон омода шавед
Раиси вилояти Суғд ба мақомдорон барои захираи ангишту ҳезум дар давраи тирамоҳу зимистон ва иҷрои саривақтии кишти такрории зироати кишоварзӣ супоришҳо дод
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ахиран бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар бинои ҳукумати вилоят машварати корӣ сурат гирифт, ки дар он роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Дар ин ҷаласа масоили омодагии саривақтии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои фаъолияти бонизом дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ва гузаронидани кишти такрории зироати кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Муовини якуми Раиси вилоят ва муовинони Раиси вилоят дар ин ҷаласа дар бораи таъмини муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, гузориш дод.
Ин дар ҳолест, ки роҳбари вилоят дар ин ҷаласа барои захираи ангишту ҳезум барои давраи тирамоҳу зимистон, иҷрои саривақтии нақшаи кишти такрории зироати кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани замин, гирифтани ду-се ҳосил, истифодаи тухмиҳои хушсифат супоришҳои мушаххас додааст.
Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ҷалби сармоя ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби кадрҳои ҷавон ба кор, таъмини муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, таълиму тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбияи фарзандон, пешгирии зиёдаравӣ дар тӯйю маъракаҳо, мубориза бар зидди хурофотпарастӣ, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таъкид ва ба масъулин супориш дод.