Тоҷикистониён барои гирифтани ипотека майли бештар пайдо кардаанд

© Sputnik Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз
Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, дар пасманзари фоизҳои нави мусоид пардохтҳои қарзҳои ипотека дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Мавҷудияти қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, қарз барои хариди манзил дастрас ва маъмултар шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ дар Бонки миллии кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи ин ниҳод, бақияи қарзҳои ипотека дар охири соли 2021 257,9 миллион сомониро (беш аз 20,6 миллион доллар) ташкил додааст.
Ин маблағ дар муқойиса бо соли 2020 37,4 миллион сомонӣ (2,9 миллион доллар) ё 16,9% афзоиш ёфтааст.
"Фоизи миёнаи қарзҳои ипотека барои соли 2021 нисбат ба соли 2020 ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ поин рафт", — гуфтанд дар Бонки миллӣ.
Ҳамин тариқ фоиз бо пули миллӣ 1,4 банди фоизӣ (аз 22,0 то 20,6 фоиз) коҳиш ёфт.
Бо асъори хориҷӣ бошад, 0,6 банди фоизӣ (аз 14,5 то 13,9 фоиз) коҳиш ёфт.
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Ипотека дар Тоҷикистон: хонадор мешавӣ ё хонасалот?
Қаблан раёсати "Амонатбонк" гуфта буд, ки дархости муштариён барои пешниҳоди қарзи ипотека барои харидории манзилро баррасӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Икромӣ, раиси ин бонк муҳлати қарз 10 сол буда, фоизи он 22-25%-и солонаро ташкил медиҳад.
"Амонатбонк" гуфт, омодааст, ба тоҷикистониён ипотека диҳад
Қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон бо фоизҳои шабеҳ аз ҷониби ҳамаи бонкҳо тибқи меъёрҳои муқарраркардаи БМТ дода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0