https://sputnik.tj/20250130/vazir-tahrimho-amriko-rusiya-naft-tojikiston-tasir-1066060442.html
Вазир: таҳримҳои Амрико алайҳи Русия ба бозори нафти Тоҷикистон таъсир намегузоранд
Вазир: таҳримҳои Амрико алайҳи Русия ба бозори нафти Тоҷикистон таъсир намегузоранд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъсири таҳримҳои ахири ИМА алайҳи бахши энерҷии Русия ба бозори нафти Тоҷикистонро шарҳ дод
2025-01-30T15:39+0500
2025-01-30T15:39+0500
2025-01-30T15:39+0500
дар тоҷикистон
энергетика
таҳрим
има
амрико
русия
таъсир
энержӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0e/1065118842_77:264:1109:844_1920x0_80_0_0_83662448be97e94491236a673804e2b8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергктика ва заираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки таҳримҳои нави мақомоти Амрико, ки бар зидди бахши энергжии Русия, ба таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтӣ таъсир нахоҳанд расонд.Ёдовар мешавем, ки ахиран ИМА бар зидди бахши энергжии Русия аз ҷумла ширкати "Газпромнефт" ва зерташкилоти он, ки миёни онҳо "Газпромнефти Тоҷикистон" ҳам ҳаст таҳримҳои нав ҷорӣ кард."Ин маҳдудиятҳо дар ҳоли ҳозир танҳо ба интиқоли маҳсулот тавассути роҳҳои баҳрӣ дахл доранд, дар ҳоле ки воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан ва дигар нақлиёти заминӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, айни ҳол дар таъминот аз Русия ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад", – таъкид кард Далер Ҷумъа.Ҳамчунин, ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар Тоҷикистон захираи кофии маҳсулоти нафтӣ мавҷуд аст ва созишномаҳои дахлдор бо Қазоқистон ва Туркманистон ба имзо расидаанд.Ёдовари мекунем, ки "Газпромнефти Тоҷикистон", ки дар бозори таъминоти маҳсулоти нафтии ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад, дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ таҳти таҳримҳои Вазорати молияи ИМА қарор гирифт.Тибқи иттилои ахири ин вазорат дар соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. 541,3 ҳазор тонна ворид гардидааст.Ин ҳаҷми воридгардида, нисбат ба соли 2023, дар ҳаҷми 128,8 ҳазор тонна ё 9,1% зиёд мебошад.Ҳамчунин ин вазорат хабар додааст, ки воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 267 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 47,1 млн. м3 ё 21,4 % зиёд мебошад.Вазорати энергетика хабар додааст, ки худи Тоҷикистон дар соли 2024 16 136,9 тонна нафт ва 362,4 ҳаз. м3 гази табиӣ истихроҷ кардааст.Таъминкунандаи асосии мол ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" будааст, ки 45% аз ҳаҷми умумии ин маводи сӯхти воридотӣ ба он рост меояд.
https://sputnik.tj/20250130/tojikiston-khorij-mahsuloti-nafti-gazi-moe-kharid-1066051212.html
има
амрико
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0e/1065118842_0:256:1109:1088_1920x0_80_0_0_c8761e78cad6536a590dbea00ef275fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, таҳрим, има, амрико, баъхши энержи, таъсир
тоҷикистон, русия, таҳрим, има, амрико, баъхши энержи, таъсир
Вазир: таҳримҳои Амрико алайҳи Русия ба бозори нафти Тоҷикистон таъсир намегузоранд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъсири таҳримҳои ахири ИМА алайҳи бахши энерҷии Русия ба бозори нафти Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергктика ва заираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки таҳримҳои нави мақомоти Амрико, ки бар зидди бахши энергжии Русия, ба таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтӣ таъсир нахоҳанд расонд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран ИМА бар зидди бахши энергжии Русия аз ҷумла ширкати "Газпромнефт" ва зерташкилоти он, ки миёни онҳо "Газпромнефти Тоҷикистон" ҳам ҳаст таҳримҳои нав ҷорӣ кард.
"Ин маҳдудиятҳо дар ҳоли ҳозир танҳо ба интиқоли маҳсулот тавассути роҳҳои баҳрӣ дахл доранд, дар ҳоле ки воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан ва дигар нақлиёти заминӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, айни ҳол дар таъминот аз Русия ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад", – таъкид кард Далер Ҷумъа.
Ҳамчунин, ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар Тоҷикистон захираи кофии маҳсулоти нафтӣ мавҷуд аст ва созишномаҳои дахлдор бо Қазоқистон ва Туркманистон ба имзо расидаанд.
Ёдовари мекунем, ки "Газпромнефти Тоҷикистон", ки дар бозори таъминоти маҳсулоти нафтии ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад, дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ таҳти таҳримҳои Вазорати молияи ИМА қарор гирифт.
Тибқи иттилои ахири ин вазорат дар соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. 541,3 ҳазор тонна ворид гардидааст.
Ин ҳаҷми воридгардида, нисбат ба соли 2023, дар ҳаҷми 128,8 ҳазор тонна ё 9,1% зиёд мебошад.
Ҳамчунин ин вазорат хабар додааст, ки воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 267 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 47,1 млн. м3 ё 21,4 % зиёд мебошад.
Вазорати энергетика хабар додааст, ки худи Тоҷикистон дар соли 2024 16 136,9 тонна нафт ва 362,4 ҳаз. м3 гази табиӣ истихроҷ кардааст.
Таъминкунандаи асосии мол ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" будааст, ки 45% аз ҳаҷми умумии ин маводи сӯхти воридотӣ ба он рост меояд.