https://sputnik.tj/20250130/tojikiston-khorij-mahsuloti-nafti-gazi-moe-kharid-1066051212.html
Тоҷикистон аз хориҷ дар соли гузашта беш аз 1,5 млн тон маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ харид
Тоҷикистон аз хориҷ дар соли гузашта беш аз 1,5 млн тон маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ харид
Sputnik Тоҷикистон
Аксари маҳсулоти нафтие, ки Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноат мехарад, аз кишварҳои хориҷ ворид карда мешавад
2025-01-30T11:59+0500
2025-01-30T11:59+0500
2025-01-30T11:59+0500
дар тоҷикистон
вазорати энергетика ва захираҳои об
нафт
газу нафт
харидорӣ
хориҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102343/48/1023434851_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_140926cc7434d414056ad71103e5b1d7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. 541,3 ҳазор тонна ворид гардидааст.Дар ин бора вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ ин ҳаҷми воридгардида, нисбат ба соли 2023, дар ҳаҷми 128,8 ҳазор тонна ё 9,1% зиёд мебошад.Ҳамчунин ин вазорат хабар додааст, ки воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 267 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 47,1 млн. м3 ё 21,4 % зиёд мебошад.Вазорати энергетика хабар додааст, ки худи Тоҷикистон дар соли 2024 16 136,9 тонна нафт ва 362,4 ҳаз. м3 гази табиӣ истихроҷ кардааст.Таъминкунандаи асосии мол ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" будааст, ки 45% аз ҳаҷми умумии ин маводи сӯхти воридотӣ ба он рост меояд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистону Русия имкони коркарди муштараки конҳои нафту гази ин ҷумҳурӣро баррасӣ мекунанд.Ин мавзӯъро сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар Душанбе баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20240926/tojikiston-mekhohad-eron-takhfif-naft-bikharad-1064489954.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102343/48/1023434851_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_71882b07788045a410514722b78b6356.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҳсулоти нафтӣ, газ, энергетика, харидорӣ, хориҷ
тоҷикистон, маҳсулоти нафтӣ, газ, энергетика, харидорӣ, хориҷ
Тоҷикистон аз хориҷ дар соли гузашта беш аз 1,5 млн тон маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ харид
Аксари маҳсулоти нафтие, ки Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноат мехарад, аз кишварҳои хориҷ ворид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. 541,3 ҳазор тонна ворид гардидааст.
Дар ин бора вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ ин ҳаҷми воридгардида, нисбат ба соли 2023, дар ҳаҷми 128,8 ҳазор тонна ё 9,1% зиёд мебошад.
Ҳамчунин ин вазорат хабар додааст, ки воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 267 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 47,1 млн. м3 ё 21,4 % зиёд мебошад.
Вазорати энергетика хабар додааст, ки худи Тоҷикистон дар соли 2024 16 136,9 тонна нафт ва 362,4 ҳаз. м3 гази табиӣ истихроҷ кардааст.
Таъминкунандаи асосии мол ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" будааст, ки 45% аз ҳаҷми умумии ин маводи сӯхти воридотӣ ба он рост меояд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистону Русия имкони коркарди муштараки конҳои нафту гази ин ҷумҳурӣро баррасӣ мекунанд.
Ин мавзӯъро сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар Душанбе баррасӣ карданд.