Уфти рублу гаронии доллар: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2025
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон қимати пули миллӣ дар баробари доллару евро коҳиш ёфта, аммо дар қиболи пули русӣ гаронтар шудааст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон рубли русбӣ дар қиболи арзи миллӣ ҳафтаро бо каме коҳиш оғоз кард.
Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 111,8 сомонӣ қимат дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар бар ивази 1000 рубл 112,2 сомонӣ медоданд.
Аммо пули амрикоӣ бошад, тадриҷан майли гаронӣ дорад.
Агар дар охири ҳафтаи қаблӣ як доллар дар сатҳи 10.9470 сомонӣ муаян шуда буд, пас ҳамакнун 10.9539 муқаррар шудааст.
Евро низ бомуруд гарон мешавад, вале ин ҳафта ҷаҳиши бештар дошт.
Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 11.4852 сомонӣ медиҳанд, ки нишондод ҷумъаи қаблӣ ба 11.3991 сомонӣ баробар буд.
Железнодорожные цистерны для нефтепродуктов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2024
Сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ба 1,9 млрд доллар расид
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0