https://sputnik.tj/20241223/sarmoyaguzorihoi-rusiya-iqtisodi-tojikiston-1065626164.html
Сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ба 1,9 млрд доллар расид
Сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ба 1,9 млрд доллар расид
Sputnik Тоҷикистон
Русия аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад, гуфт намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ
2024-12-23T17:59+0500
2024-12-23T17:59+0500
2024-12-23T17:59+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
тиҷорат
иқтисод
равобит
додугирифт
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/18/1064843796_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_d4849ccc32e77554f4c96f08e33b9518.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ҳаҷми умумии сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ба 1,9 миллиард доллар афзоиш расид.Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков хабар дод.Ба гуфтаи вай, Русия аз рӯи ҳаҷми сармоягузории ҷамъшуда дар Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол намудааст."Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Русия аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои ҷамъшуда дар солҳои охир мавқеи пешсафро ишғол мекунад ва он ба 1,9 миллиард доллар расид. Инчунин дар ин давра аз рӯи сармоягузориҳои мустақим Русия пас аз Чин дар ҷойи дувум қарор гирифтааст”, - қайд кард оқои Коренков.То охири соли 2023 ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди ҷумҳурӣ ба 1,8 миллиард долларро ташкил медод.Ба гуфтаи намояндаи тиҷоратии Русия, ҳаҷми сармоягузории Русия дар бахшҳои энержӣ, истихроҷи маъдан, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст.Ба гуфтаи Коренков, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳо ба таври мусбат рушд мекунанд ва дурнамои рушди минбаъда дар оянда ба назар мерасад."Мо дурнамои рушди Тоҷикистонро мебинем, он чӣ гуна имкониятҳои ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣро фароҳам меорад, ширкатҳои мо ба ин вазъият таваҷҷӯҳи ҷиддӣ доранд", - таъкид кард ӯ ва изҳори умедворӣ кард, ки дар соли оянда ҳаҷми сармоягузорӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд.Қаблан Семён Григорьев, сафири Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки додугирифти Русия ва Тоҷикистон дар моҳи январ - сентябри соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20241215/rusiya-sharik-asosi-tijori-tojikiston-safir-afzoish-dodugirift-1065519196.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/18/1064843796_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_f7e099da5391d28611dc5a2d9388bfa1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сармоягузорӣ, иқтисод, русия, додугирифт, равобит, ҳамкорӣ, коренков
тоҷикистон, сармоягузорӣ, иқтисод, русия, додугирифт, равобит, ҳамкорӣ, коренков
Сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ба 1,9 млрд доллар расид
Русия аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад, гуфт намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ҳаҷми умумии сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ба 1,9 миллиард доллар афзоиш расид.
Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков хабар дод.
Ба гуфтаи вай, Русия аз рӯи ҳаҷми сармоягузории ҷамъшуда дар Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол намудааст.
"Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Русия аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои ҷамъшуда дар солҳои охир мавқеи пешсафро ишғол мекунад ва он ба 1,9 миллиард доллар расид. Инчунин дар ин давра аз рӯи сармоягузориҳои мустақим Русия пас аз Чин дар ҷойи дувум қарор гирифтааст”, - қайд кард оқои Коренков.
То охири соли 2023 ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди ҷумҳурӣ ба 1,8 миллиард долларро ташкил медод.
Ба гуфтаи намояндаи тиҷоратии Русия, ҳаҷми сармоягузории Русия дар бахшҳои энержӣ, истихроҷи маъдан, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Коренков, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳо ба таври мусбат рушд мекунанд ва дурнамои рушди минбаъда дар оянда ба назар мерасад.
"Мо дурнамои рушди Тоҷикистонро мебинем, он чӣ гуна имкониятҳои ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣро фароҳам меорад, ширкатҳои мо ба ин вазъият таваҷҷӯҳи ҷиддӣ доранд", - таъкид кард ӯ ва изҳори умедворӣ кард, ки дар соли оянда ҳаҷми сармоягузорӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд.
Қаблан Семён Григорьев, сафири Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки додугирифти Русия ва Тоҷикистон дар моҳи январ - сентябри соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4% афзоиш ёфтааст.