https://sputnik.tj/20250127/bobozoda-huquqi-shahrvandon-tojikiston-zeri-nazorat-rusiya-1066017445.html
Бобозода: Вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон зери назорати Омбудсмени инсони Русия аст
Бобозода: Вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон зери назорати Омбудсмени инсони Русия аст
Sputnik Тоҷикистон
Омбудсмени Тоҷикистон ният дорад бо ҳамтои русаш ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия дар ояндаи наздик ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишварро баррасӣ кунад
2025-01-27T15:39+0500
2025-01-27T15:39+0500
2025-01-27T15:39+0500
дар тоҷикистон
ҳуқуқи инсон
омбудсмен
русия
нақзи ҳуқуқи инсон
бобозода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032757938_0:39:3000:1727_1920x0_80_0_0_a575799492c98e75b320875510034d21.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода тасмим гирифтааст, ки дар мулоқот бо ҳамтои русаш Татяна Москалькова, ки ки дар мохи апрел дар Маскав дидор хоҳад кард, вазъи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия қарор доранд, баррасӣ хоҳад кард."Моҳи апрели соли 2025 дар Маскав, дар ҳошияи нишасти Иттиҳодияи Омбудсменҳои АвруОсиё, ман метавонам бо Москалькова дидор ва ин масъаларо мустақиман бо ӯ баррасӣ кунам. Дар ҷараёни сафари худ ба Маскав ман қарор аст, аз он ҷойҳое дидан кунам, ки дар он ҷо нақзи ҳуқуқи ҳамватанони мо ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла, боздоштгоҳҳои марказии муҳоҷирон ва дигар ҷойҳо ва бо шаҳрвандони мо мулоқот анҷом медиҳад", - гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.Вай илова кард, ки ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи стратегияи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст.Ӯ ба хабарнигорон пас аз ҳамлаи террористӣ дар бинои Крокус Сити Холл дар наздикии Маскав, ки моҳи марти соли гузашта рух дод, ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон ва як қатор кишварҳои дигар сабт шудааст.Оқои Бобозода зикр кард, ки ӯ ба хонум Маскалкова дархостҳо фиристодааст ва як моҳ пеш посух гирифт.Ба гуфтаи Бобозода, ӯ қаблан бевосита аз ҳоли тоҷиконе, ки дар ҳодисаи "Крокус" гумонбаранд, хабар нагирифтааст, чун ҳангоми сафараш ба Русия чунин имконе фароҳам нашуд.Омбудсмени тоҷик таъкид кард, ки дар сафари қарибулвуқуаш тасмим дорад аз ҳоли тоҷиконе, ки дар ҳодисаи "Крокус" гумонбаранд ва ҳоло дар боздошгоҳ қарор доранд, хабар гирад.
https://sputnik.tj/20240723/bobozoda-mushkili-muhojiron-mehnati-rusiya-hamlai-terroristi-krokus-1063626560.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032757938_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_ed2fdd1a4754a78019f03c69ba08ee59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, омбудсмен, ҳуқуқи муҳоҷирон, зери назорат, сиёсат, ҳуқуқи инсон
тоҷикистон, омбудсмен, ҳуқуқи муҳоҷирон, зери назорат, сиёсат, ҳуқуқи инсон
Бобозода: Вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон зери назорати Омбудсмени инсони Русия аст
Омбудсмени Тоҷикистон ният дорад бо ҳамтои русаш ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия дар ояндаи наздик ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишварро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода тасмим гирифтааст, ки дар мулоқот бо ҳамтои русаш Татяна Москалькова, ки ки дар мохи апрел дар Маскав дидор хоҳад кард, вазъи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия қарор доранд, баррасӣ хоҳад кард.
"Моҳи апрели соли 2025 дар Маскав, дар ҳошияи нишасти Иттиҳодияи Омбудсменҳои АвруОсиё, ман метавонам бо Москалькова дидор ва ин масъаларо мустақиман бо ӯ баррасӣ кунам. Дар ҷараёни сафари худ ба Маскав ман қарор аст, аз он ҷойҳое дидан кунам, ки дар он ҷо нақзи ҳуқуқи ҳамватанони мо ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла, боздоштгоҳҳои марказии муҳоҷирон ва дигар ҷойҳо ва бо шаҳрвандони мо мулоқот анҷом медиҳад", - гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.
Вай илова кард, ки ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи стратегияи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст.
“Дар сурати мавҷуд будани далелҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо, мо онҳоро ба эътибор гирифта, кӯшиш мекунем, ки сари вақт вокуниш нишон диҳем. ", - гуфт ӯ.
Ӯ ба хабарнигорон пас аз ҳамлаи террористӣ дар бинои Крокус Сити Холл дар наздикии Маскав, ки моҳи марти соли гузашта рух дод, ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон ва як қатор кишварҳои дигар сабт шудааст.
Оқои Бобозода зикр кард, ки ӯ ба хонум Маскалкова дархостҳо фиристодааст ва як моҳ пеш посух гирифт.
"Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия дар ҷавоб гуфт, ин масъала бевосита зери назораташон қарор дорад", -- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Бобозода, ӯ қаблан бевосита аз ҳоли тоҷиконе, ки дар ҳодисаи "Крокус" гумонбаранд, хабар нагирифтааст, чун ҳангоми сафараш ба Русия чунин имконе фароҳам нашуд.
Омбудсмени тоҷик таъкид кард, ки дар сафари қарибулвуқуаш тасмим дорад аз ҳоли тоҷиконе, ки дар ҳодисаи "Крокус" гумонбаранд ва ҳоло дар боздошгоҳ қарор доранд, хабар гирад.