https://sputnik.tj/20240723/bobozoda-mushkili-muhojiron-mehnati-rusiya-hamlai-terroristi-krokus-1063626560.html
Бобозода мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русияро ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” рабт дод
Бобозода мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русияро ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” рабт дод
Sputnik Тоҷикистон
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъкид кард, ки корҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия идома доранд
2024-07-23T10:41+0500
2024-07-23T10:41+0500
2024-07-23T10:41+0500
дар тоҷикистон
омбудсмен
нақзи ҳуқуқи инсон
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
мушкилот
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/16/1063626887_0:60:828:526_1920x0_80_0_0_d1523f8e46151cc6940df744c6360585.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ яке аз сабабҳои ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав рабт дод, ки он аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифт.Вай ҳамчунин ихроҷи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳамчунин ба тағйирот дар қонунгузории Русия низ рабт дорад.Оқои Бобозода қайд кард, ки дар шаш моҳи ахир муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Русия аз сӯи мақомоти интизомии ин кишвар мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ рӯ ба рӯ нашудаанд.Вай илова кард, ки дар соли гузашта 4-5 ҳолати шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба қайд гирифта шуда буд.“Корҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон идома доранд. Мо бо муҳоҷирон дар мавриди ихроҷ ва дигар мушкилот гуфтугӯҳо анҷом медиҳем ва ҳамчунин дар чорабиниҳои мухталифе, ки дар Русия ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, ин масъалаҳоро баррасӣ мекунем”, - гуфт ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки ба иттилои масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳоли ҳозир дар фурудгоҳҳои Русия ва ҳам гузаргоҳҳои заминии ин кишвар садҳо муҳоҷири корӣ дармондаанд.
https://sputnik.tj/20240424/matvienko-qonunguzori-muhojirat-rusiya-muhojiron-felan-1062622437.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/16/1063626887_45:0:781:552_1920x0_80_0_0_cd3d8ea1098e79796c84e47381d01b2d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамлаи террористӣ, мушкилот, русия, ҳуқуқ
тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамлаи террористӣ, мушкилот, русия, ҳуқуқ
Бобозода мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русияро ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” рабт дод
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъкид кард, ки корҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия идома доранд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ яке аз сабабҳои ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав рабт дод, ки он аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифт.
Вай ҳамчунин ихроҷи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳамчунин ба тағйирот дар қонунгузории Русия низ рабт дорад.
“Талаботи нави қонунгузории ин кишвар низ боиси ихроҷи на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад”, - гуфт ӯ.
Оқои Бобозода қайд кард, ки дар шаш моҳи ахир муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Русия аз сӯи мақомоти интизомии ин кишвар мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ рӯ ба рӯ нашудаанд.
Вай илова кард, ки дар соли гузашта 4-5 ҳолати шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба қайд гирифта шуда буд.
“Корҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон идома доранд. Мо бо муҳоҷирон дар мавриди ихроҷ ва дигар мушкилот гуфтугӯҳо анҷом медиҳем ва ҳамчунин дар чорабиниҳои мухталифе, ки дар Русия ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, ин масъалаҳоро баррасӣ мекунем”, - гуфт ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳоли ҳозир дар фурудгоҳҳои Русия ва ҳам гузаргоҳҳои заминии ин кишвар садҳо муҳоҷири корӣ дармондаанд.