https://sputnik.tj/20250125/mirzonabot-shahr-navohi-vmkb-davom-sol-korgoh-korkhona-faol-shavad-1065997229.html
Мирзонабот хост, дар ҳар шаҳру навоҳии ВМКБ давоми сол 5-6 коргоҳу корхона фаъол шавад
Мирзонабот хост, дар ҳар шаҳру навоҳии ВМКБ давоми сол 5-6 коргоҳу корхона фаъол шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилоят ба хотири дастгирии соҳибкорон аз раисони шаҳру ноҳияҳо хост, ки давоми сол корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсолӣ ба истифода дода... 25.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-25T12:59+0500
2025-01-25T12:59+0500
2025-01-25T12:59+0500
вмкб
дар тоҷикистон
алишер мирзонабот
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/04/1052629674_0:30:1761:1021_1920x0_80_0_0_703966a5f44d852f418f364404a44334.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. ВМКБ омодагӣ ба ҷашни 28 - умин солгарди Ваҳдати миллии Тоҷикистонро оғоз кард.Ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашн раиси вилоят, Алишер Мирзонабот бо муовинон, раисони шаҳру навоҳӣ, соҳибкорон ва фаъолони ҷомеа ҷаласа баргузор кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ВМКБ.Дар ҷаласа раисони шаҳру навоҳӣ вобаста ба корҳои сохтмониву азнавсозӣ ва ободонию созандагӣ ҳисобот доданд.Зимнан, Алишер Мирзонабот ба онҳо дастур дод, ки давоми сол дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят коргоҳу корхонаҳои нави коркарди меваву сабзавот ва ё истеҳсолӣ сохта ва ба истифода дода шавад.Манбаъ зикр намуд, ки роҳбари вилоят аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки соли гузашта дар амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат, бахусус саноатикунонии босуръат, қадамҳои устувор гузошта шуданд.Дар идома ба раисони шаҳру навоҳӣ супориш дода шуд, сохтмони бештари муассисаҳои томактабиро роҳандозӣ кунанд, чун бунёди ингуна муассисаҳо ниҳоят муҳим ва зарурӣ аст.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар сафари ахири худ ба ин вилоят ба сокинон ваъда дод, ки ҷашни Ваҳдатро ҳамроҳи онҳо дар ВМКБ таҷлил мекунад.Ӯ аз мақомдорон даъват намуд, ки барои созовор таҷлил кардани ин ҷашн омодагии ҷиддӣ бинанд.
https://sputnik.tj/20241106/rahamon-vahdati-milli-hamchun-gavharaki-chashm-hifz-1065014322.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/04/1052629674_75:34:1586:1167_1920x0_80_0_0_4ecce174fe4fbe386d9c1fc43ab42871.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб, дар тоҷикистон, алишер мирзонабот, иҷтимоъ
вмкб, дар тоҷикистон, алишер мирзонабот, иҷтимоъ
Мирзонабот хост, дар ҳар шаҳру навоҳии ВМКБ давоми сол 5-6 коргоҳу корхона фаъол шавад
Раиси вилоят ба хотири дастгирии соҳибкорон аз раисони шаҳру ноҳияҳо хост, ки давоми сол корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсолӣ ба истифода дода шаванд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. ВМКБ омодагӣ ба ҷашни 28 - умин солгарди Ваҳдати миллии Тоҷикистонро оғоз кард.
Ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашн раиси вилоят, Алишер Мирзонабот бо муовинон, раисони шаҳру навоҳӣ, соҳибкорон ва фаъолони ҷомеа ҷаласа баргузор кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ВМКБ.
Дар ҷаласа раисони шаҳру навоҳӣ вобаста ба корҳои сохтмониву азнавсозӣ ва ободонию созандагӣ ҳисобот доданд.
Зимнан, Алишер Мирзонабот ба онҳо дастур дод, ки давоми сол дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят коргоҳу корхонаҳои нави коркарди меваву сабзавот ва ё истеҳсолӣ сохта ва ба истифода дода шавад.
Манбаъ зикр намуд, ки роҳбари вилоят аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки соли гузашта дар амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат, бахусус саноатикунонии босуръат, қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Дар идома ба раисони шаҳру навоҳӣ супориш дода шуд, сохтмони бештари муассисаҳои томактабиро роҳандозӣ кунанд, чун бунёди ингуна муассисаҳо ниҳоят муҳим ва зарурӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар сафари ахири худ ба ин вилоят ба сокинон ваъда дод, ки ҷашни Ваҳдатро ҳамроҳи онҳо дар ВМКБ таҷлил мекунад.
Ӯ аз мақомдорон даъват намуд, ки барои созовор таҷлил кардани ин ҷашн омодагии ҷиддӣ бинанд.