https://sputnik.tj/20241106/rahamon-vahdati-milli-hamchun-gavharaki-chashm-hifz-1065014322.html
Раҳмон гуфт барои чӣ бояд ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кард
Раҳмон гуфт барои чӣ бояд ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки таъмини амнияти мардум, сулҳу субот ва оромии ҷомеа масъалаи аз ҳама муҳими ҳукумат ба шумор меравад
2024-11-06T15:46+0500
2024-11-06T15:46+0500
2024-11-06T16:34+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
конститутсия
таҷлили иди конститутсия
ҳифз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/06/1065004940_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_0f37dcb60667d0fc0d0b32a7c80b2299.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таъкид кард, ки дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ Конститутсия нақши муҳим дорад.“Албатта, расидан ба ваҳдати миллӣ натиҷаи ақлу хиради миллати бостонии тоҷик мебошад ва ба имзо расидани санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт, нақши арзишманд бозид”, гуфт ӯ.Раҳбари кишвар таъкид кард, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии миллати фарҳангсолори тоҷик ба мактаби ибратомӯзи ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ мубаддал гардидааст.Вай илова кард, ки шароити пуртазоди замони муосир ва бозиҳои геосиёсӣ, таҳдиди ғояҳои хатарбор ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони имрӯза тамоми афроди ҷомеаро водор месозанд, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.Вай афзуд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, омили оромиву осудагӣ, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки имрӯз халқи тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
https://sputnik.tj/20241106/jashni-konstitutsiyai-tojikiston-sanadi-taqdirsoz-1065011013.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/06/1065004940_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_926d0936a3ceab8525ca694e1abaa6c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қонуни асосӣ, конститутсия, ваҳдат, мардум, ҳукумат, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, қонуни асосӣ, конститутсия, ваҳдат, мардум, ҳукумат, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон гуфт барои чӣ бояд ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кард
15:46 06.11.2024 (Навсозишуда: 16:34 06.11.2024) Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки таъмини амнияти мардум, сулҳу субот ва оромии ҷомеа масъалаи аз ҳама муҳими ҳукумат ба шумор меравад
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таъкид кард, ки дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ Конститутсия нақши муҳим дорад.
“Албатта, расидан ба ваҳдати миллӣ натиҷаи ақлу хиради миллати бостонии тоҷик мебошад ва ба имзо расидани санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт, нақши арзишманд бозид”, гуфт ӯ.
Раҳбари кишвар таъкид кард, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии миллати фарҳангсолори тоҷик ба мактаби ибратомӯзи ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ мубаддал гардидааст.
Вай илова кард, ки шароити пуртазоди замони муосир ва бозиҳои геосиёсӣ, таҳдиди ғояҳои хатарбор ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони имрӯза тамоми афроди ҷомеаро водор месозанд, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
“Ман ҳамеша таъкид менамоям ва итминони комил дорам, ки мардуми фарҳангсолору тамаддунсози мо ба қадру қимати ваҳдат ва сулҳу субот мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегонаи хатарзо мафкураи ҷомеаи моро таҳти таъсир қарор дода, суботу оромии кишвар ва ваҳдати миллиамонро халалдор созанд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, омили оромиву осудагӣ, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки имрӯз халқи тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.