https://sputnik.tj/20250121/rustam-nazarzoda-barkanor-shud-rahmon-khf-vaziri-mehnat-1065948583.html
Рустам Назарзода ба нафақа рафт: Раҳмон роҳбари КҲФ ва вазири меҳнатро иваз кард
Рустам Назарзода ба нафақа рафт: Раҳмон роҳбари КҲФ ва вазири меҳнатро иваз кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як қатор сохторҳои давлатӣ аз ҷумла КҲФ ва вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тағйирот кадрӣ анҷом дод
2025-01-21T16:29+0500
2025-01-21T16:29+0500
2025-01-21T18:05+0500
дар тоҷикистон
таъйиноти кадрӣ
рустам назарзода
кҳф
вазорати меҳнат
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032806408_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_e628ad31448169dce64d02c9f3173182.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Рустам Назарзода аз вазифааш барканор шуд.Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ки қаблан фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд, таъйин шуд.Хадамоти матбуоти раисҷумҳур қайд кардаааст, ки генерал Рустам Назарзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон озод карда шудааст.Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷаро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон озод кард.Ба ҷои Ҳасанзода Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳаро таъйин кард.Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзодаро ба вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин карда буд.Гулнора Ҳасанзода 13 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ аст.Вай дар гузашта раиси “Амонатбонк” буд ва аз 30 ноябри соли 2013 дар вазифаи директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон кор мекард.
https://sputnik.tj/20250121/rahmon-raisi-sudi-olii-tojikiston-shermuhammad-shohiyonro-barkanor-1065948160.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032806408_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_3a7def2a7bb56509f852f2345b378f20.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, вазорати меҳнат, таъйиноти кадрӣ, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, кҳф, вазорати меҳнат, таъйиноти кадрӣ, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон
Рустам Назарзода ба нафақа рафт: Раҳмон роҳбари КҲФ ва вазири меҳнатро иваз кард
16:29 21.01.2025 (Навсозишуда: 18:05 21.01.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як қатор сохторҳои давлатӣ аз ҷумла КҲФ ва вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тағйирот кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Рустам Назарзода аз вазифааш барканор шуд.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ки қаблан фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд, таъйин шуд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур қайд кардаааст, ки генерал Рустам Назарзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон озод карда шудааст.
Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷаро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон озод кард.
Ба ҷои Ҳасанзода Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳаро таъйин кард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзодаро ба вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин карда буд.
Гулнора Ҳасанзода 13 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ аст.
Вай дар гузашта раиси “Амонатбонк” буд ва аз 30 ноябри соли 2013 дар вазифаи директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон кор мекард.