https://sputnik.tj/20250121/rahmon-raisi-sudi-olii-tojikiston-shermuhammad-shohiyonro-barkanor-1065948160.html
Раҳмон Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиёнро барканор кард
Раҳмон Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиёнро барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
2025-01-21T15:31+0500
2025-01-21T15:31+0500
2025-01-21T16:30+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
таъйиноти кадрӣ
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040993102_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_3b835d59f72f396156e07c13f7e1fb4e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шермуҳаммад Шоҳиён, пешниҳод ирсол кард.Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар ба парлумони кишвар пешниҳод кард, ки аз вазифаи Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода Рустам Пираҳмад, аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд намудани Хайриддинзода Азизбек бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ва аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон бозхонд намудани Азиззода Шодмони Шамс бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ирсол кард.Дар ҳамин ҳол, президенти кишвар ба парлумони кишвар номзадии Мирзозода Рустам Пираҳмад ба вазифаи Раиси Суди Олии Тоҷикистонро пешниҳодӣ кард.Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчуниндар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва як қатор муассисаҳои зертобеи Кумитаи телевизион ва радио, агентиҳои хизмати давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, хадамоти иҷро, Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти кадрӣ анҷом дод.Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардида, кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва забондону соҳибтахассус ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд.
https://sputnik.tj/20250117/rahmon-jalasai-vasei-hukumat-barguzor-kard-1065903649.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040993102_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_79102062b45d6c69de050f2ebde1df0d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, таъйинноти кадрӣ, раисҷумҳур, сиёсат, суд
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, таъйинноти кадрӣ, раисҷумҳур, сиёсат, суд
Раҳмон Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиёнро барканор кард
15:31 21.01.2025 (Навсозишуда: 16:30 21.01.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шермуҳаммад Шоҳиён, пешниҳод ирсол кард.
Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар ба парлумони кишвар пешниҳод кард, ки аз вазифаи Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода Рустам Пираҳмад, аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд намудани Хайриддинзода Азизбек бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ва аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон бозхонд намудани Азиззода Шодмони Шамс бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ирсол кард.
Дар ҳамин ҳол, президенти кишвар ба парлумони кишвар номзадии Мирзозода Рустам Пираҳмад ба вазифаи Раиси Суди Олии Тоҷикистонро пешниҳодӣ кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчуниндар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва як қатор муассисаҳои зертобеи Кумитаи телевизион ва радио, агентиҳои хизмати давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, хадамоти иҷро, Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардида, кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва забондону соҳибтахассус ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд.