Нуриддин Саид барканор шуд: Тағйирот дар телевизиону радио ва Кумитаи забон

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования Таджикистана Нуриддин Саид
Министр образования Таджикистана Нуриддин Саид  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ғайр аз раиси Кумитаи телевизион ва радио, раисони чанд телевизион ва раиси Кумитаи забон ва ислоҳотро низ иваз кард
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Бо қарори ҳукумати кишвар Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷои ӯ Носир Саид, ки то ин дам роҳбари телевизиони “Сафина” буд, ба ин мансаб таъйин гардидааст.
Тавре Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст, Нуриддин Саид, ки то ин дам дар ҳукумат дар вазифаҳои баланд кор кардааст, ба нафақа рафт.
Ёдовар мешавем, ки Нуриддин Саид аз ҷумла соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва солҳои 2008-2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Баъдан беш аз 8 сол дар курсии вазири маориф ва илм (2012-2020) кор кард.
Ба иттилои манобеи мо, ба ҷои Носир Саид, Садриддин Шамсиддинзода раиси нави телевизиони “Сафина” таъин шудааст. Садриддин Шамсиддинзода то ин дам раиси телевизиони "Ҷаҳоннамо" буд.
Председатель Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Рустам Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2025
Рустам Назарзода ба нафақа рафт: Раҳмон роҳбари КҲФ ва вазири меҳнатро иваз кард
Олимҷон Муҳаммадҷонзода низ аз вазифаи раиси кумитаи забон ва истилоҳт низ аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ Сахидод Раҳматуллозода раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти таъин шуд. Раҳматуллозорда то ин дам муовини раиси ин кумаита кор мекард.
Ҳамчунин, бо қарори дигар, Лутфия Шарифзода сардори Саридораи бойгонии Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мансаб Ҷамила Лангарӣ, ки аз соли 2017 дар ин вазифа буд, иваз кард.
Ба ғайр аз ин, нафарони зерин ба мансабҳо таъин шуданд:
Носир Саидзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Тоҷикистон;
Илёс Идрисзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон;
Маҳмадёқуб Зокирзода, муовини якуми директори Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина";
Маҳмадёқуб Зокирзода, муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”;
Соҳибназари Муҳаммад, директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”;
Нуриддин Муҳиддинзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино;
Амир Иброҳимзода, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов;
Сироҷиддин Ҷурахонзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
Баҳром Мализода, директори ҶСК "Пажуҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯйи САНИИОСП".
Лентаи хабарҳо
0