Тоҷикистону Русия масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳоро баррасӣ карданд

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаТаджикско-российские политические консультации по вопросам сотрудничества в противодействии вызовам и угрозам.
Таджикско-российские политические консультации по вопросам сотрудничества в противодействии вызовам и угрозам. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2025
Обуна шудан
Миёни Тоҷикистону Русия табодули афкори судманд атрофи ҳамкории ду кишвар дар таъмини амният ва суботи минтақавӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар масъалаҳои муқовимат ба таҳдиду чолишҳо баргузор шуд, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, машваратҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Русия Сергей Вершинин роҳбарӣ карданд.
Дар чорабинӣ инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ширкат намуданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни машваратҳо табодули афкори судманд атрофи ҳамкории ду кишвар дар таъмини амният ва суботи минтақавӣ анҷом гирифт.
“Таваҷҷуҳи вижа ба фаъолияти муштараки Душанбе ва Маскав дар масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо дар ҳошияи СММ, СААД, СҲШ, ИДМ ва дигар абзорҳои бисёрҷониба зоҳир карда шуд”, - қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Таъкид шудааст, ки машварат дар руҳияи ҳусни тафоҳуми хоси шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баргузор гардид.
Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Путин: Тоҷикистон муттаҳиди қобили эътимод барои Русия аст
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Вершинин гуфтугӯ кард.
Зимни суҳбат ду дипломат ҳамкории Душанбе ва Маскав дар масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо дар доираи абзорҳои бисёрҷонибаро баррасӣ карданд.
Ба хусус қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0