https://sputnik.tj/20241225/putin-tojikistonro-shariki-boetimod-nomid-1065644906.html
Путин: Тоҷикистон муттаҳиди қобили эътимод барои Русия аст
Путин: Тоҷикистон муттаҳиди қобили эътимод барои Русия аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия қайд кард, ки кишвараш ҳамкориҳоро бо Тоҷикистонро дар заминаи амният дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики наздикаш медонад
2024-12-25T13:02+0500
2024-12-25T13:02+0500
2024-12-25T13:30+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
сиёсат
шарики асосӣ
шарики стратегӣ
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065640847_0:0:3111:1751_1920x0_80_0_0_7374e665ed4937881ab2a86861060ac2.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Раҳбари Русия Владимир Путин дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, ки дар соҳаи амният дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ҳамчун шарики наздиктарини мо, хеле боэътимод ва созанда аст.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин Тоҷикистонро шарики боэътимоди Русия номид.Президенти Русия дар дидор аз аҳамияти ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистонро қайд намуд.Вай гуфт ҳамкориҳои байниминтақавӣ ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад."Мо инчунин ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ аҳамияти хоса медиҳем. Бисёр минтақаҳои Тоҷикистон ва субъектҳои Русия, бо ҳамдигар робитаи мустақим доранд. Ин ба рушди муносибатҳо ду кишвар саҳми арзанда мегузорад", - гуфт Путин.Раҳбари Русия дар ин дидор аз афзоиши сармоягузории Русия дар Тоҷикистон хабар дод.Вай афзуд, ки соли гузашта сармоягузориҳо афзоиш ёфтанд, имсол ҳам афзоиш хоҳанд ёфт", - қайд кард Путин.Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 25 декабр баргузор мешавад, бо як сафари корӣ вориди Санкт-Петербург шуд.Бори охир Путин ва Раҳмон моҳи ноябр дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Остона мулоқот карда буданд.
https://sputnik.tj/20241225/rahmon-putin-tojikiston-hamkori-rusiya-qanoatbakhsh-1065644552.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065640847_380:0:3111:2048_1920x0_80_0_0_5ed9ebb7007d32eba4af6f12fd80e4ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, владимир путин, эмомалӣ раҳмон, русия, шарик, эътимод, амният,
тоҷикистон, владимир путин, эмомалӣ раҳмон, русия, шарик, эътимод, амният,
Путин: Тоҷикистон муттаҳиди қобили эътимод барои Русия аст
13:02 25.12.2024 (Навсозишуда: 13:30 25.12.2024) Раисҷумҳури Русия қайд кард, ки кишвараш ҳамкориҳоро бо Тоҷикистонро дар заминаи амният дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики наздикаш медонад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Раҳбари Русия Владимир Путин дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, ки дар соҳаи амният дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ҳамчун шарики наздиктарини мо, хеле боэътимод ва созанда аст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин Тоҷикистонро шарики боэътимоди Русия номид.
"Дар гуфтушунидҳои дуҷониба тамоми масоили муносибатҳои ду кишвар, ки хеле созандаанд баррасӣ мешаванд. Тоҷикистон шарики боэътимоди мост", - гуфт Путин дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Русия дар дидор аз аҳамияти ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистонро қайд намуд.
Вай гуфт ҳамкориҳои байниминтақавӣ ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад.
"Мо инчунин ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ аҳамияти хоса медиҳем. Бисёр минтақаҳои Тоҷикистон ва субъектҳои Русия, бо ҳамдигар робитаи мустақим доранд. Ин ба рушди муносибатҳо ду кишвар саҳми арзанда мегузорад", - гуфт Путин.
Раҳбари Русия дар ин дидор аз афзоиши сармоягузории Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
"Русия дар миёни шарикони тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон дар ҷои аввал ва аз рӯи сармоягузориҳо дар ҷои дуюм аст",- гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки соли гузашта сармоягузориҳо афзоиш ёфтанд, имсол ҳам афзоиш хоҳанд ёфт", - қайд кард Путин.
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 25 декабр баргузор мешавад, бо як сафари корӣ вориди Санкт-Петербург шуд.
Бори охир Путин ва Раҳмон моҳи ноябр дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Остона мулоқот карда буданд.