https://sputnik.tj/20250121/marhilai-peshbarii-nomzadho-intikhoboti-parlumoni-anjom-1065940214.html
Марҳилаи пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ анҷом ёфт
Марҳилаи пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ анҷом ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон марҳилаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ба анҷом расид
2025-01-21T10:49+0500
2025-01-21T10:49+0500
2025-01-21T10:49+0500
дар тоҷикистон
рӯйхат
номзад
парлумон
вакил
интихобот
кмир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103080/18/1030801849_0:200:3000:1888_1920x0_80_0_0_c90ec1a7e8b67da2f66639ec967206dc.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Марҳалаи пешбарии рӯйхати номзадҳо ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.Вобаста ба ин, дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ки ахиран таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР, баргузор гардид, масъалаи мутобиқати пешбарии рӯйхати номзадҳо аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.Тибқи иттилои КМИР ҳизбҳо рӯйхатҳои зерин пешниҳод намуданд:Ҳамзамон бо мақсади огоҳӣ ва шиносоии интихобкунандагон бо номзадҳои аз ҳизбҳои сиёсӣ дар бораи тасдиқи шакли Плакати иттилоотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ қарори КМИР ба тасвиб расид.Ҳамзамон КМИР қарор дар бораи таъмини шароити баробар барои ҳамаи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ шакл ва ҳаҷми Плакати ягонаи ташвиқотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии парлумон, инчунин, тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма аз ҷониби онҳо дар ин раванд тасдиқ кардаааст.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботи парлумониро имзо кард.Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.Тибқи Қонун дар ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот низ баргузор мешавад.Интихоботи вакилони даъвати нави палатаи болоии порлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март таъин шудааст.
https://sputnik.tj/20241223/kmir-tartibi-ishtiroki-nozironi-baynalmilali-intikhobot-tasdiq-1065622970.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103080/18/1030801849_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_7014972792067b0bc1b8cbe3be2084e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кмир, интихобот, парлумон, номзадҳо, ҳизбҳо, рӯйхат
тоҷикистон, кмир, интихобот, парлумон, номзадҳо, ҳизбҳо, рӯйхат
Марҳилаи пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ анҷом ёфт
Дар Тоҷикистон марҳилаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Марҳалаи пешбарии рӯйхати номзадҳо ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Вобаста ба ин, дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ки ахиран таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР, баргузор гардид, масъалаи мутобиқати пешбарии рӯйхати номзадҳо аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Тибқи иттилои КМИР ҳизбҳо рӯйхатҳои зерин пешниҳод намуданд:
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзад,
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 13 номзад,
Ҳизби демократии Тоҷикистон 4 номзад,
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 6 номзад,
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 6 номзад,
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 номзад.
Ҳамзамон бо мақсади огоҳӣ ва шиносоии интихобкунандагон бо номзадҳои аз ҳизбҳои сиёсӣ дар бораи тасдиқи шакли Плакати иттилоотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ қарори КМИР ба тасвиб расид.
Ҳамзамон КМИР қарор дар бораи таъмини шароити баробар барои ҳамаи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ шакл ва ҳаҷми Плакати ягонаи ташвиқотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии парлумон, инчунин, тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма аз ҷониби онҳо дар ин раванд тасдиқ кардаааст.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботи парлумониро имзо кард.
Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.
Тибқи Қонун дар ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот низ баргузор мешавад.
Интихоботи вакилони даъвати нави палатаи болоии порлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март таъин шудааст.