КМИР тартиби иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалиро дар интихобот тасдиқ кард

© Sputnik / Амир ИсаевПарламентские выборы в Таджикистане
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2024
Обуна шудан
КМИР Тоҷикистон таъкид кардааст, ки корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи парлумонӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ ки таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода баргузор гардид, масъалаи тартиби иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалӣ дар интихоботи парлумонӣ тасдиқ кард.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҷаласа бо қарори дахлдори комиссия барои мусоидат ва татбиқи дурусти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихобот намуна ва шакли ҳуҷчатҳо барои гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо тасдиқ гардид.
Ба гуфтаи КМИР нозирони миллӣ ва байналмилалӣ субъекти раванди интихобот ба ҳисоб мераванд.
“Иштироки онҳо далели ба таври шаффофу ошкоро баргузор гардидани интихобот маҳсуб мешавад”, - қайд кардааст КМИР.
Манбаъ қайд кардааст, ки барои мусоидат ба фаъолияти муназзам ва мутобиқ ба қонунгузории Тоҷикистон дар ҷаласа Тартибҳои пешбарӣ ва иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Митинг сторонников президента Турции Реджепа Тайипа Эрдогана около его дома в Стамбуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2023
Эълони КМИР: барандаи интихоботи президентии Туркия маълум шуд
Ҳамчунин бо мақсади баррасии саривақтии арзу шикоятҳо дар раванди интихобот гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала ташкил гардид.
Ҳамчунин барои риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории интихобот барои раисони комиссияҳои участкавии интихобот Роҳнамо оид ба тартиби ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон дар интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муҳокима ва тасдиқ карда шуд.
Инчунин дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуфташуда муҳокимаҳо гардида, аъзои Комиссия оид ба моҳият ва аҳамияти қарорҳои қабулшуда фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.
Лентаи хабарҳо
0