https://sputnik.tj/20250121/hushdori-obuhavoshinosoni-tojik-boridani-boronu-barfi-1065939418.html
Ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик аз боридани борону барфи пуршиддат дар кишвар
Ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик аз боридани борону барфи пуршиддат дар кишвар
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 21-ум то 22-уми январи соли 2025 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар борону барфи пуршиддат меборад
2025-01-21T09:36+0500
2025-01-21T09:36+0500
2025-01-21T09:36+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
барфу борон
боришот
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102781/88/1027818885_24:0:1178:649_1920x0_80_0_0_514b45fa2819c3546db95e252e898f46.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз боридани борону барфи пуршиддат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ хабар дод.Ба иттилои манбаъ, дар аксари ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Варзоб-Айнӣ-Хуҷанд, Ваҳдат -Рашт-Тоҷикобод-Лахш, Душанбе-Сангвор, Шамсиддини Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз таҷҳизоти гармкунии барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз дастгоҳҳои барқии худсохт истифода набаранд.Ҳамчунин КҲФ ҳушдор додааст, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ҳатман бояд хонаҳо ҷойи ҳавобаро дошта бошанд, то дуди ангишт бемалол хориҷ шавад ва сабаби мусибати хонаводаҳо нагардад.Инчунин КҲФ аз сокинон хоҳиш кардаааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.Кумита пешниҳод кардааст, ки пеш аз сафар омодагии мошинҳоро бисанҷанд ва чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд.Аз сокинони навоҳии кӯҳиву назикӯҳӣхоҳиш карда шудааст, ки дар чунин рӯзҳо дар чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор, моҳидорӣ эҳтиёт кунанд.Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20241121/vanj-se-mard-zeri-tarma-mond-1065210418.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102781/88/1027818885_115:0:980:649_1920x0_80_0_0_42415bbef3da61d823fd804b978b93dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, обуҳавошиносон, борон, барф, кҳф, ҳушдор
тоҷикистон, обуҳавошиносон, борон, барф, кҳф, ҳушдор
Ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик аз боридани борону барфи пуршиддат дар кишвар
Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 21-ум то 22-уми январи соли 2025 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар борону барфи пуршиддат меборад
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз боридани борону барфи пуршиддат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар аксари ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Варзоб-Айнӣ-Хуҷанд, Ваҳдат -Рашт-Тоҷикобод-Лахш, Душанбе-Сангвор, Шамсиддини Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз таҷҳизоти гармкунии барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз дастгоҳҳои барқии худсохт истифода набаранд.
“Дар вақти истифода бухориҳо бештар эҳтиёт кунанд. Маъмулан дар деҳот аз бухориҳо истифода мекунанд ва барои гарм кардани хонаҳо ангишт ва дигар маводи сӯзанда мавриди истифода қарор мегирад”, - қайд кардааст КҲФ.
Ҳамчунин КҲФ ҳушдор додааст, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ҳатман бояд хонаҳо ҷойи ҳавобаро дошта бошанд, то дуди ангишт бемалол хориҷ шавад ва сабаби мусибати хонаводаҳо нагардад.
Инчунин КҲФ аз сокинон хоҳиш кардаааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.
Кумита пешниҳод кардааст, ки пеш аз сафар омодагии мошинҳоро бисанҷанд ва чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд.
“Бидуни телефонҳои мобилии ба сафарнабароед”, - зоҳиш кардааст КҲФ аз сокинон.
Аз сокинони навоҳии кӯҳиву назикӯҳӣхоҳиш карда шудааст, ки дар чунин рӯзҳо дар чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор, моҳидорӣ эҳтиёт кунанд.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд.