https://sputnik.tj/20241121/vanj-se-mard-zeri-tarma-mond-1065210418.html
Дар Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Дар Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ахиран аз зери тарма мондани се сокини ноҳияи Ванҷ хабар дод
2024-11-21T14:26+0500
2024-11-21T14:26+0500
2024-11-21T15:20+0500
дар тоҷикистон
ванҷ
тарма
сокинон
кҳф
наҷотдиҳандагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/16/1055106030_0:0:1800:1013_1920x0_80_0_0_e9a071f715a5cc208ce73cf2569ad97f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки рӯзи 20 ноябри соли равон се нафар сокини деҳаи Пишихарви ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ, зери тарма мондаанд.Ин ниҳод қайд кардааст, ки ин се шаҳрванд бо мақсади ҷамъоварии ҳезум ба самти кӯҳ баромада, бинобар сабаби боришоти барф дар доманакӯҳ тарма фаромада ва ин шаҳрвандон зери тарма монданд.КҲФ қайд кардааст, ки як сокин худаш аз зери тарма баромада, барои наҷоти ҳамроҳонаш сокинони деҳаи мазкурро огоҳ мекунад.Ҳамзамон ҳангоми иҷрои корҳои кофтукобӣ аз ҷониби сокинон як шаҳрванд 44 сола аз зери тарма зинда дарёфт гардид.Дар ҳоли ҳозир, ҷустуҷӯи як сокини дигари 53 солаи деҳаи Пишихарви ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ идома дорад.КҲФ қайд кардааст, ки гурӯҳи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар ВМКБ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, корҳои кофтукобӣ севум шаҳрванд идома дорад.Ҳалокат ва маҷрӯҳ шудани сокинони ноҳияи Ванҷ бар асари фаромадани тарма дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон рӯзҳои ахири шоҳиди боронгариҳои шадид мебошад.Дар бархе минтақаҳои баландкӯҳ аз чанд руз ба ин тараф барфборӣ идома дорад.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳам сокинонро ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳо нолозим ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20241106/khf-ruzhoi-sardi-boroni-ehtiyotkor-boshed-1065002138.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/16/1055106030_59:0:1668:1207_1920x0_80_0_0_d499b5ae3a4cd6764307b259f7f45350.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ванҷ, кҳф, тарма, сокинони деҳа, наҷотдиҳандагон
тоҷикистон, ванҷ, кҳф, тарма, сокинони деҳа, наҷотдиҳандагон
Дар Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
14:26 21.11.2024 (Навсозишуда: 15:20 21.11.2024) Кумитаи ҳолатҳҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ахиран аз зери тарма мондани се сокини ноҳияи Ванҷ хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки рӯзи 20 ноябри соли равон се нафар сокини деҳаи Пишихарви ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ, зери тарма мондаанд.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки ин се шаҳрванд бо мақсади ҷамъоварии ҳезум ба самти кӯҳ баромада, бинобар сабаби боришоти барф дар доманакӯҳ тарма фаромада ва ин шаҳрвандон зери тарма монданд.
КҲФ қайд кардааст, ки як сокин худаш аз зери тарма баромада, барои наҷоти ҳамроҳонаш сокинони деҳаи мазкурро огоҳ мекунад.
Ҳамзамон ҳангоми иҷрои корҳои кофтукобӣ аз ҷониби сокинон як шаҳрванд 44 сола аз зери тарма зинда дарёфт гардид.
“Шаҳрванд ҷароҳати ҷисмонӣ (шикасти пой) бардоштааст ва ба Беморхонаи марказии ноҳия интиқол дода шуд”, - қайд кардааст КҲФ.
Дар ҳоли ҳозир, ҷустуҷӯи як сокини дигари 53 солаи деҳаи Пишихарви ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ идома дорад.
КҲФ қайд кардааст, ки гурӯҳи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар ВМКБ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, корҳои кофтукобӣ севум шаҳрванд идома дорад.
Ҳалокат ва маҷрӯҳ шудани сокинони ноҳияи Ванҷ бар асари фаромадани тарма дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон рӯзҳои ахири шоҳиди боронгариҳои шадид мебошад.
Дар бархе минтақаҳои баландкӯҳ аз чанд руз ба ин тараф барфборӣ идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳам сокинонро ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳо нолозим ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.