https://sputnik.tj/20250114/istifodai-koni-shoqadambuloqi-sugd-korkhona-istehsol-ohan-mesozand-1065856182.html
Барои истифодаи кони Шоқадамбулоқи Суғд корхонаи азими коркард ва истеҳсоли оҳан месозанд
Барои истифодаи кони Шоқадамбулоқи Суғд корхонаи азими коркард ва истеҳсоли оҳан месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд Кони Шоқадамбулоқ яке аз бузургтаринҳо дар минтақа ба шумор рафта, дар он то 48 миллион тонна захираи ашёи хом мавҷуд аст
2025-01-14T15:49+0500
2025-01-14T15:49+0500
2025-01-14T15:49+0500
дар тоҷикистон
коргоҳ
оҳан
саноат
бунёд
сохтмон
кон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0e/1065856447_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_5854b34ca8f0fc05119275d8d3ba8636.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар мавзеи Шоқадамбулоқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи “Комбинати металлургии тоҷик” корхонаи азими коркард ва истеҳсоли оҳан сохта мешавад.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ин корхона то 1000 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳалли бунёди корхона шинос шуд.Манбаъ қайд кардааст, ки айни замон корҳои иктишофӣ ба охир расида, сохтмони корхона оғоз ёфтааст.Бино ба иттилои масъулин дар ин мавзеъ якчанд кон вуҷуд дорад ва дар марҳилаи аввал аз кони Шоқадамбулоқ истифода хоҳад шуд.Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, раванди истеҳсолот се марҳила - қабаткушоӣ, сохтмон ва истеҳсолотро дар бар гирифта, дар ниҳоят оҳан истеҳсол мегардад. Корхона метавонад то 1 миллион тонна ашёи хомро коркард карда, то 42-45 дарсад маҳсулоти ниҳоӣ ба даст оварда шавад.Масъулин умедворанд, ки корхонаи мазкур то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта ба истифода дода мешавад.Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Чин ворид гардида, бо ҷалби мутахассисони ин давлат васлу насб карда мешавад.Зикр гардидааст, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди зиёда аз 12 000 иншоот ба нақша гирифта шуда, садҳо корхонаи нав низ бунёду ба истифода дода мешавад.
https://sputnik.tj/20250114/tijorat-viloyati-sugd-kishvarhoi-khoriji-afzoish-1065855344.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0e/1065856447_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e340b66f93bb93b930ca796364e81d73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, корхона, истеҳсол, оҳан, коркард, кон, саноат
тоҷикистон, суғд, корхона, истеҳсол, оҳан, коркард, кон, саноат
Барои истифодаи кони Шоқадамбулоқи Суғд корхонаи азими коркард ва истеҳсоли оҳан месозанд
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд Кони Шоқадамбулоқ яке аз бузургтаринҳо дар минтақа ба шумор рафта, дар он то 48 миллион тонна захираи ашёи хом мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар мавзеи Шоқадамбулоқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи “Комбинати металлургии тоҷик” корхонаи азими коркард ва истеҳсоли оҳан сохта мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин корхона то 1000 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳалли бунёди корхона шинос шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки айни замон корҳои иктишофӣ ба охир расида, сохтмони корхона оғоз ёфтааст.
Бино ба иттилои масъулин дар ин мавзеъ якчанд кон вуҷуд дорад ва дар марҳилаи аввал аз кони Шоқадамбулоқ истифода хоҳад шуд.
“Кони Шоқадамбулоқ яке аз бузургтаринҳо дар минтақа ба шумор рафта, дар он то 48 миллион тонна захираи ашёи хом мавҷуд мебошад”,- қайд кард манбаъ.
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, раванди истеҳсолот се марҳила - қабаткушоӣ, сохтмон ва истеҳсолотро дар бар гирифта, дар ниҳоят оҳан истеҳсол мегардад. Корхона метавонад то 1 миллион тонна ашёи хомро коркард карда, то 42-45 дарсад маҳсулоти ниҳоӣ ба даст оварда шавад.
Масъулин умедворанд, ки корхонаи мазкур то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Чин ворид гардида, бо ҷалби мутахассисони ин давлат васлу насб карда мешавад.
Зикр гардидааст, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди зиёда аз 12 000 иншоот ба нақша гирифта шуда, садҳо корхонаи нав низ бунёду ба истифода дода мешавад.