Тиҷорати вилояти Суғд бо кишварҳои хориҷӣ афзоиш ёфт

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкТранспортно-логистический центр. Иллюстративное фото
Транспортно-логистический центр. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2025
Обуна шудан
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар соли 2024 ба 19,5 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли қаблӣ 8,1% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли сипаришуда ба 3 млрд. 305,5 млн. доллар баробар шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми воридот 2 млрд. 270,6 млн. доллар ва содирот бошад 1 млрду 34,9 млн. долларро ташкил намуд.
Мақомоти вилояти Суғд қайд кардааст, ки барои фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян анҷом дода шудааст.
“Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 680,5 млн. доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки афзоиш 13,1%-ро ташкиш мекунад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин ба иттилои мақомоти вилояти Суғд нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2024 ба андозаи 104,7% таъмин гардида, ба буҷет 4959,6 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 222,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Швейное предприятие ООО Лидер в городе Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2025
Суғд истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 30,3 миллиард сомонӣ расонд
Ҳамчунин дар соли 2024 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи 1290,7 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 109,8 фоизи нақша мебошад.
Дар соли 2024 ба буҷети маҳаллии вилоят 3430,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 252,4 млн. сомониро ташкил дод, ки баробари 107,9% нақша мебошад.
Лентаи хабарҳо
0