Бунёди корхонаи истеҳсоли кошин бо арзиши 50 миллион доллар дар Данғара

© Sputnik / РАМИЗ БАХТИЯРОВСборка автомобилей MAN
Сборка автомобилей MAN - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2025
Обуна шудан
Дар Данғара корхонаи азими истеҳсоли кошин сохта мешавад, ки дар он то 1000 нафар сокинон ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" бо арзиши 50 миллион доллар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ-ороишӣ бунёд мегардад
Ин масъала ахиран дар ҷаласаи ахири пурлумони Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст, мақсад аз татбиқи созишномаи мазкур ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ барои ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти нави воридивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии сармоягузории барои татбиқи лоиҳаи пешбинишуда беш аз 50 миллион долларро ташкил дода, муҳлати сохтмони корхона 18 моҳро дар бар мегирад.
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Аз бунёди корхона то пайвастан ба низоми ягонаи энергетикӣ: Раҳмон аз пешравиҳои Суғд гуфт
Қайд карда шудааст, ки иқтидори истеҳсолии 12 360 000 метри квадратӣ дар як солро дар бар мегирад.
Қайд карда шудааст, ки пас аз ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани корхона зиёда аз 500 ҷойи кори доимӣ ва 1000 ҷойи кории ғайримустақим (сохтмон, таъминоти ашёи хом ва боркашонии маҳсулоти ниҳоӣ) таъсис дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал на кам аз 80% кормандони нро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Дар парлумон аз рӯйи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0