Аз бунёди корхона то пайвастан ба низоми ягонаи энергетикӣ: Раҳмон аз пешравиҳои Суғд гуфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаТоржества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки роҳи расидан ба чунин рӯзҳои осуда ва дастоварду пешравиҳои имрӯза дар Тоҷикистон чандон ҳамвору осон набуд
ДУШАНБЕ, 10 сент — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд қайд кард, ки тайи 33 соли соҳибистиқлолии давлатӣ мардуми кишвар рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ва душвориҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро аз сар гузарониданд.
Вай гуфт, дар замони соҳибистиқлолӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд мунтазам таъмин гардида, дар соли 2023 ба беш аз 35 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 72 баробар зиёд мебошад.
Кишвардори Тоҷикистон афзуд, ки танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 15 баробар афзоиш ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2024
Раҳмон: Сатҳи камбизоатиро аз 83% ба 21% расондем
“Тибқи нақша дар соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ пешбинӣ гардида, дар 7 моҳи соли 2024-ум 106 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият оғоз кардааст”, - қайд кард раисҷумҳури кишвар.
Вай илова кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кишоварзони вилояти Суғд дар таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, саҳми назаррас гузоштаанд.
“Соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро ба 19 миллиард сомонӣ расонидаанд, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 7,3 баробар зиёд мебошад”, - гуфт ӯ.
Раҳбари Тоҷикистон ҳамзамон зикр кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи якчанд лоиҳаи бузургҳаҷм, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Ҷануб – Шимол, Гулистон – Ашт ва лоиҳаҳои бузурги таҷдиди роҳҳои мошингард орзуи деринаи сокинони вилоят, яъне пайвастшавӣ бо марказ ва ҷануби кишвар дар чор фасли сол ва дастрасии доимӣ ба неруи барқи худӣ амалӣ гардид.
Эмомали Рахмон открыл швейное предприятие ООО Лидер в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2024
Аз ифтитоҳи корхонаи инноватсионӣ то маркази савдо: Идомаи сафари Раҳмон ба Суғд
Қайд карда шуд, ки бо амалӣ гардидани ин лоиҳаи бузург вилояти Суғд ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат пайваст шуд.
Ҳамчунин ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон бунёди шоҳроҳҳои байналмилалии Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ ва сохтмони нақбҳои "Истиқлол" ва "Шаҳристон" ба масофаи 354 километр ва роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент бо дарозии 113 километр аз ҷумлаи иқдомоти бузурги амалинамудаи Ҳукумати мамлакат буданд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд такони ҷиддӣ бахшиданд.
Лентаи хабарҳо
0