https://sputnik.tj/20241230/rubl-arzon-dollar-garon-bmt-vaz-bozor-asor-1065723682.html
Рубл арзону доллар гарон: БМТ аз вазъи бозори асъор дар охирин рӯзҳои сол гуфт
Рубл арзону доллар гарон: БМТ аз вазъи бозори асъор дар охирин рӯзҳои сол гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ 0,3 сомонӣ поин рафта, қимати евро ва доллар бошад, каме гаронтар шудааст
2024-12-30T10:23+0500
2024-12-30T10:23+0500
2024-12-30T10:23+0500
дар тоҷикистон
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон қимати рубл дар қиболи арзи миллӣ каме коҳиш ёфтааст.Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 111,8 сомонӣ қимат дорад.Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ мешуд ин миқдорро бо қимати 112,1 сомонӣ харид.Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ бошад, рӯ ба афзоиш дорад. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9287 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9330 сомонӣ қимат дорад.Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ низ боло рафта, рафта ҳар евро 11,4031 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,3680 сомонӣ медоданд.Ёдовар мешавем, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз серистифодатарин асъор ба шумор меравад ва ахиран якбора коҳиш ёфтани он сокинонро сахт нигарон карда буд.Ҳамин тариқ, 28 ноябр дар кишвар 1000 рубл ба 96 сомонӣ ва ҳатто дар бонкҳо аз ин ҳам поин харидуфурӯш гардид.Бонки миллии Тоҷикистон он замон бо шарҳи вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор онро ба таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, рабт дод.Аммо асъори русӣ дигарбора тавонист ба нуқтаи пеш аз уфти сареъ баргардад.Агар ба нишондодҳои имрӯзу ҳамин давраи соли қаблӣ нигарем, дар Тоҷикистон қурби рубл дар қиболи арзи миллӣ 10 сомонӣ гарон шудааст. Ҳамзамон евро низ арзонтар шуда, аммо доллар бошад устовурияшро ҳифз кардааст.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20241229/rahmon-dastur-foiz-qarzho-pastar-ruy-etimod-ahli-bonk-kor-1065722853.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл арзон доллар гарон бмт вазъ бозор асъор
рубл арзон доллар гарон бмт вазъ бозор асъор
Рубл арзону доллар гарон: БМТ аз вазъи бозори асъор дар охирин рӯзҳои сол гуфт
Арзиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ 0,3 сомонӣ поин рафта, қимати евро ва доллар бошад, каме гаронтар шудааст
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон қимати рубл дар қиболи арзи миллӣ каме коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 111,8 сомонӣ қимат дорад.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ мешуд ин миқдорро бо қимати 112,1 сомонӣ харид.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ бошад, рӯ ба афзоиш дорад. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9287 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9330 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ низ боло рафта, рафта ҳар евро 11,4031 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,3680 сомонӣ медоданд.
Ёдовар мешавем, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз серистифодатарин асъор ба шумор меравад ва ахиран якбора коҳиш ёфтани он сокинонро сахт нигарон карда буд.
Ҳамин тариқ, 28 ноябр дар кишвар 1000 рубл ба 96 сомонӣ ва ҳатто дар бонкҳо аз ин ҳам поин харидуфурӯш гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон он замон бо шарҳи вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор онро ба таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, рабт дод.
Аммо асъори русӣ дигарбора тавонист ба нуқтаи пеш аз уфти сареъ баргардад.
Агар ба нишондодҳои имрӯзу ҳамин давраи соли қаблӣ нигарем, дар Тоҷикистон қурби рубл дар қиболи арзи миллӣ 10 сомонӣ гарон шудааст. Ҳамзамон евро низ арзонтар шуда, аммо доллар бошад устовурияшро ҳифз кардааст.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.