https://sputnik.tj/20241229/rahmon-dastur-foiz-qarzho-pastar-ruy-etimod-ahli-bonk-kor-1065722853.html
Раҳмон дастур дод, ки фоизи қарзҳо пастару эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо зиёд карда шавад
Раҳмон дастур дод, ки фоизи қарзҳо пастару эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо зиёд карда шавад
Sputnik Тоҷикистон
Низоми бонкии кишвар дастур гирифтааст, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда дар кишвар то охири соли 2027 ба беш аз 100 млрд сомонӣ расонанд
2024-12-29T16:58+0500
2024-12-29T16:58+0500
2024-12-30T11:50+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
қарздиҳӣ
фоиз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1b/1065686808_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_899c6f85e2abfc85cf089023b6352225.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дастур дода шуд, ки фоизи қарзҳои бонкӣ поин бурда шавад. Ин нуктаро раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт.Феълан қарзҳои бонкӣ дар кишвар гарон арзёбӣ мешаванд.Ҳамзамон раисҷумҳур ҷиҳати таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат дастур додааст.Низоми бонкии кишвар дастур гирифтааст, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда дар кишвар то охири соли 2027 ба беш аз 100 млрд сомонӣ расонанд.Гуфта мешавад, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.Аз ин лиҳоз ин бахшро ба таъкиди кишвардор лозим аст, ки ҷиҳати идома додани ин раванд ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намоянд.
https://sputnik.tj/20241229/rahmon-rushdi-iqtisodi-raqami-innovatsiya-elon-1065717185.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1b/1065686808_27:0:1847:1365_1920x0_80_0_0_ceca6d8d475f85c2da8657b14d9c507c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон дастур фоиз қарз паст эътимод аҳлӣ бонкҳо кор
раҳмон дастур фоиз қарз паст эътимод аҳлӣ бонкҳо кор
Раҳмон дастур дод, ки фоизи қарзҳо пастару эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо зиёд карда шавад
16:58 29.12.2024 (Навсозишуда: 11:50 30.12.2024) Низоми бонкии кишвар дастур гирифтааст, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда дар кишвар то охири соли 2027 ба беш аз 100 млрд сомонӣ расонанд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дастур дода шуд, ки фоизи қарзҳои бонкӣ поин бурда шавад.
Ин нуктаро раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт.
Феълан қарзҳои бонкӣ дар кишвар гарон арзёбӣ мешаванд.
Ҳамзамон раисҷумҳур ҷиҳати таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат дастур додааст.
"Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд",- навиштааст котиботи раисҷумҳур.
Низоми бонкии кишвар дастур гирифтааст, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда дар кишвар то охири соли 2027 ба беш аз 100 млрд сомонӣ расонанд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Аз ин лиҳоз ин бахшро ба таъкиди кишвардор лозим аст, ки ҷиҳати идома додани ин раванд ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намоянд.