https://sputnik.tj/20241228/maoshi-muallimon-ziyod-meshavad-1065705389.html
Маоши муаллимон зиёд мешавад
Маоши муаллимон зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш таъкид кард, ки маоши компандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи таълимӣ дар соли оянда зиёд карда мешавад
2024-12-28T11:19+0500
2024-12-28T11:19+0500
2024-12-28T11:45+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
паём
ироаи паём
маош
болоравии маош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/41/1028734181_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_a656ea96aecf8dba5a5b970b0b4a604c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумони кишвар гуфт, ки аз якуми сентябри соли 2025 маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи таълимӣ 30% зиёд карда мешавад.Вай ҳамчунин таъкид кард, ки маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, инчунин стипендияҳо 20%, андозаи нафақаҳо 10% зиёд карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа кард.Ироаи паём дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилон, аъзои ҳукумат, дипломатҳои хориҷию фаъолони ҷамъиятӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён кард.Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро имсол дар бинои нави парлумон ироа кард.Қаблан, паёмҳои президент дар “Кохи Сомон” баргузор мешуданд.Дар паёми сарвари давлат ба парлумони кишвар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои афзалиятнок дар соли 2025 муайян мешаванд.Дар он ба ҷуз вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.
https://sputnik.tj/20241228/rahmon-payom-solona-bino-navi-parlumon-iroa-1065700461.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/41/1028734181_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_fb087b8d784aefb51637a83cbadd14b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, маош, зиёд, паём
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, маош, зиёд, паём
Маоши муаллимон зиёд мешавад
11:19 28.12.2024 (Навсозишуда: 11:45 28.12.2024) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш таъкид кард, ки маоши компандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи таълимӣ дар соли оянда зиёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумони кишвар гуфт, ки аз якуми сентябри соли 2025 маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи таълимӣ 30% зиёд карда мешавад.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, инчунин стипендияҳо 20%, андозаи нафақаҳо 10% зиёд карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа кард.
Ироаи паём дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилон, аъзои ҳукумат, дипломатҳои хориҷию фаъолони ҷамъиятӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён кард.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро имсол дар бинои нави парлумон ироа кард.
Қаблан, паёмҳои президент дар “Кохи Сомон” баргузор мешуданд.
Дар паёми сарвари давлат ба парлумони кишвар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои афзалиятнок дар соли 2025 муайян мешаванд.
Дар он ба ҷуз вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.