Раҳмон паёми солонаашро ба парлумон ироа мекунад

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2024
Обуна шудан
Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли равон дар бинои нави Парламенти Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа кард.
Ироаи паём дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, дар назди вакилони порлумон, аъзои ҳукумат, дипломатҳо, рӯзноманигорон ва ходимони ҷамъиятӣ паёми солонаи худро ироа кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилон, аъзои ҳукумат, дипломатҳои хориҷию фаъолони ҷамъиятӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён кард.
Аз соли 2015 бар асоси риволи маъмӯл, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабр бо арзёбии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, барномаи самту сӯи сиёсати хориҷӣ ва дохилиро барои соли баъд мушаххас мекунад.
Заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2024
Аз сохтмони “Тоҷиксемент” то муҳоҷирати дохилӣ: Раҳмон маҷлиси ҳукумат баргузор кард
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро имсол дар бинои нави парлумон ироа мекунад.
Қаблан, паёмҳои президент дар “Кохи Сомон” баргузор мешуданд.
Тавре аз парлумони кишвар хабар доданд, як ҳафта қабл вакилони парлумон ба бинои нави Парлумони Тоҷикистон кӯчиданд ва бинои кӯҳна аллакай холӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки паёми президенти Тоҷикистон, ҳамасола дар охири сол мегузарад. Имсол, баъди ба истифода додани бинои нави Парлумони Тоҷикистон он бори нахуст дар бинои нав мегузарад.
Дар паёми сарвари давлат ба парлумони кишвар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои афзалиятнок дар соли 2025 муайян мешаванд.
Дар он ба ҷуз вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0