Оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ дар Тоҷикистон баъд Соли нави милодӣ

© Sputnik / Кирилл КаллиниковСотрудница в новом дистрибьюторском центре хранения медицинских препаратов. Иллюстративное фото
Сотрудница в новом дистрибьюторском центре хранения медицинских препаратов. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2024
Обуна шудан
Назорат тавассути рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва дар оянда ба маҳсулоти тамоку, машрубот ва ғайра пурзур карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Аз 1 январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ оғоз мегардад.
Ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин иқдом бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо" сурат мегирад.
Қайд карда шудааст, ки дар ин замина масъулини Хадамоти гумруки Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ баргузор намуданд.
Вохӯриҳо дар дидбонгоҳҳои барасмиятдарории молҳои зераксизӣ, дидбонгоҳи гумрукӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, дидбонгоҳи гумрукӣ дар шаҳри Хуҷанд, Терминали Хуҷанд, дидбонгоҳи гумрукӣ дар шаҳри Истаравшан ва инчунин дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода ва "Терминали Дӯстӣ" бо иштироки масъулини шуъбаҳои функсионалии раёсат ва намояндагони ширкатҳои воридкунандаи воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ баргузор гардиданд.
Таможенники России и Таджикистана подписали Соглашение об Упрощенном таможенном коридоре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2024
Созишнома имзо шуд: Интиқоли мол байни Тоҷикистону Русия содатар мешавад
Зимни вохӯриҳо ба иштирокчиён талаботи қарори Ҳукумати Тоҷикистон оид ба оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ аз 1 январи соли 2025 фаҳмонида шуда, машваратҳо барои ҳамкорӣ бо оператори расмӣ – ширкати "Технология Групп" ва бастани шартномаҳо барои гирифтани рамзҳои электронӣ пешниҳод шуданд.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, масъалаи риояи талаботи амалкунанда вобаста ба рамзгузории электронии маҳсулоти тамоку, машрубот ва дигар молҳои зери назорат қарордошта таҳлил ва баррасӣ шуд.
Ба иштирокчиёне, ки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебаранд, таъкид карда шуд, ки то оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ аз 1 январи соли 2025 онҳо бояд бо ширкати "Технология Групп" барои гирифтани QR-рамзҳо шартнома баста, тамоми талаботи марбутаи қарорро риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0