https://sputnik.tj/20241031/sozishnoma-imzo-intiqoli-mol-tojikiston-rusiya-sodatar-1064933069.html
Созишнома имзо шуд: Интиқоли мол байни Тоҷикистону Русия содатар мешавад
Созишнома имзо шуд: Интиқоли мол байни Тоҷикистону Русия содатар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тартиби анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Русия содатар мешавад
2024-10-31T14:29+0500
2024-10-31T14:29+0500
2024-10-31T14:29+0500
дар тоҷикистон
русия
гумрук
созишнома
додугирифт
гардиши мол
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1f/1064932014_0:238:972:785_1920x0_80_0_0_5729fc11adb97d027d3a97c128271aed.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Русия оид ба Долони содакардашудаи гумрукӣ созишнома ба имзо расид.Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст.“Байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Русия Созишнома оид ба ташкили тартиби содакардашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Русия ("Долони содакардашудаи гумрукӣ) ба имзо расонида шуд”, - қайд кардааст манбаъ.Таъкид шудааст, ки созишнома дар доираи Форуми байналмилалии гумрукӣ, ки 29-30 октябри соли равон дар пойтахти Русия баргузор гардид, имзо шуд.Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ дар Форуми байналмилалии гумрукӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Каримзода иштирок намуд.Ёдовар мешавем, ки форум аз чониби Хадамоти федералии гумруки Русия ҳамасола ташкил шуда, платформаи муфид барои табодули таҷрибаи пешқадам дар самти танзими фаъолияти гумрукӣ мебошад.Ин форум барои таҳкими муносибатҳои мақомоти гумрук бо доираҳои тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.Дар Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024 масъалаҳои мубрами фаъолияти гумруки байналмилалӣ, тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва тағйирот дар тиҷорати байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.Ҳамчунин масъалаҳои рақамикунонии савдои хориҷӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар равандҳои расмиёти гумрукӣ, рушди тиҷорати электронӣ, тағйироти долонҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20241031/imzoi-sanadi-hamkori-sayyohi-viloyati-sverdlovski-rusiya-tojikiston-1064930234.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1f/1064932014_0:230:972:959_1920x0_80_0_0_e9bdae102b717a217339e47a2d2881e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, содатар, гумуркӣ, созишнома, имзо, амалиёт
тоҷикистон, русия, содатар, гумуркӣ, созишнома, имзо, амалиёт
Созишнома имзо шуд: Интиқоли мол байни Тоҷикистону Русия содатар мешавад
Тартиби анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Русия содатар мешавад
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Русия оид ба Долони содакардашудаи гумрукӣ созишнома ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст.
“Байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Русия Созишнома оид ба ташкили тартиби содакардашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Русия ("Долони содакардашудаи гумрукӣ) ба имзо расонида шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки созишнома дар доираи Форуми байналмилалии гумрукӣ, ки 29-30 октябри соли равон дар пойтахти Русия баргузор гардид, имзо шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ дар Форуми байналмилалии гумрукӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Каримзода иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки форум аз чониби Хадамоти федералии гумруки Русия ҳамасола ташкил шуда, платформаи муфид барои табодули таҷрибаи пешқадам дар самти танзими фаъолияти гумрукӣ мебошад.
Ин форум барои таҳкими муносибатҳои мақомоти гумрук бо доираҳои тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Дар Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024 масъалаҳои мубрами фаъолияти гумруки байналмилалӣ, тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва тағйирот дар тиҷорати байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин масъалаҳои рақамикунонии савдои хориҷӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар равандҳои расмиёти гумрукӣ, рушди тиҷорати электронӣ, тағйироти долонҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд.