Раҳмон ба Путин гуфт, Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Русия қаноатбахш аст

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкПрезидент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном
Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо ҳамтои русаш дар шаҳри Санкт-Петербург аз рушди равобити ду кишвар дар солҳои ахир таъкид кард
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо президенти Владимир Путин дар шаҳри Санкт-Петербург дар арафаи нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ таъкид кард, ки Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз суръати рушди равобит бо Русия қаноатманд аст.
"Русия шарики асосии стратегии Тоҷикистон аст, дар маҷмӯъ мо аз динамики рушди [муносибатҳо бо Русия] дар ҳама соҳаҳо қаноатмандем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Раҳмон, соли 2024 барои равобити ду кишвар бисёр серҳосил буд.
"Дар охири сол Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, гардиши мол қариб 20 фоиз афзуда, робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ фаъолона рушд мекунанд", - гуфт роҳбари Тоҷикистон.
Раҳмон таъкид кард, ки омода аст бо Путин ин ва дигар масъалаҳои рӯзмара, аз ҷумла масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ ва амниятро баррасӣ кунад.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время встречи в комплексе Игора Ленинградской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Дидори рӯ ба рӯ: Раҳмон бо Путин дар Санкт-Петербург чиро баррась карданд?
"Фикр мекунам, ки мо имрӯз ва фардо ҷамъбаст хоҳем кард: бахусус масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ моро ба ташвиш овардааст, шумо худатон медонед, ки Тоҷикистон дар куҷост ва чӣ мушкилот пеш меояд", - афзуд ӯ.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои русашро барои пуштибонӣ аз тарҳҳо дар арсаи фарҳангӣ ва башардӯстона изҳори сипос кард.
"Мо аз дастгирӣ дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ, ҷудо кардани маблағ барои сохтмони мактаб барои кӯдакони лаёқатманд ва театри Маяковский хеле миннатдорем", - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот қайд кард, ки қариб дар 4,5 ҳазор мактаби миёнаи Тоҷикистон забони русӣ дарс дода мешавад.
"Мо худамон дар муассисаҳо, қариб дар 4,5 ҳазор мактаби миёна забони русиро меомӯзонем", - гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, дар ҷумҳурӣ омӯзгорон ҳастанд, вале мо бояд такмили ихтисос ва сифати таълимро беҳтар кунем.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2024
Раҳмон бо Путин масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад
Путин дар навбати худ қайд кард, ки феълан дар мактабҳои Тоҷикистон 72 омӯзгори рус кор мекунанд ва соли оянда теъдоди онҳо ба 80 нафар хоҳад расид.
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 25 декабр баргузор мешавад, бо як сафари корӣ вориди Санкт-Петербург шуд.
Бори охир Путин ва Раҳмон моҳи ноябр дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Остона мулоқот карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0