https://sputnik.tj/20241224/rahmon-putin-masala-muhojirat-barrasi-mekunad-1065631130.html
Раҳмон бо Путин масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад
Раҳмон бо Путин масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ёвари роҳбари Русия ҳамчунин гуфт, ки президентҳои Русияву Тоҷикистон масъалаҳои иқтисоду сиёсатро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд
2024-12-24T11:58+0500
2024-12-24T11:58+0500
2024-12-24T17:54+0500
дар тоҷикистон
русия
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
муҳоҷират
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063094326_0:0:3042:1711_1920x0_80_0_0_bd1c316802f7e66ef716ab22c4fe6adb.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Интизор меравад, рӯзи 24 декабр дар вилояти Ленингради Русия мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон сурат гирад.Ба иттилои Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот масоили доғи сиёсати муҳоҷират ва ҳамчунин мавзӯъҳои асосии ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангӣ - гуманитариро баррасӣ хоҳанд кард. Номбурда таъкид намуд, ки масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷират низ баррасӣ мешава ва президентҳо дар ин бора аллакай ба мувофиқа расидаанд.Илова бар ин, президентҳо ҳамчунин дар заминаи раёсати Русия дар ИДМ дар соли 2024, бо дарназардошти он, ки раёсати соли оянда дар ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад, табодули назар хоҳанд кард.Тавре Ушаков гуфт, Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст. Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молии мутақобила нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1% афзуда, ба 1,08 млрд доллар расид.Бояд гуфт, Русия пас аз Чин сармоягузори асосии Тоҷикистон аст. Русия тақрибан 90% эҳтиёҷоти иқтисоди Тоҷикистонро ба маҳсулоти нафтӣ таъмин мекунад. Ҳамчунин, дар донишгоҳҳои Русия беш аз 36 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
https://sputnik.tj/20241219/putin-peshnihod-kard-ki-masalahoi-muhojirat-boyad-hamroh-bo-kishvarhoi-hamsoya-hal-shavad-1065582779.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063094326_85:0:2814:2047_1920x0_80_0_0_093de328640a574e446c3fcadcb6880c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон путин муҳоҷират
Раҳмон бо Путин масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад
11:58 24.12.2024 (Навсозишуда: 17:54 24.12.2024) Ёвари роҳбари Русия ҳамчунин гуфт, ки президентҳои Русияву Тоҷикистон масъалаҳои иқтисоду сиёсатро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Интизор меравад, рӯзи 24 декабр дар вилояти Ленингради Русия мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон сурат гирад.
Ба иттилои Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот масоили доғи сиёсати муҳоҷират ва ҳамчунин мавзӯъҳои асосии ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангӣ - гуманитариро баррасӣ хоҳанд кард.
"Вохӯрӣ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербурги вилояти Ленинград дар маҷмааи истироҳатии "Игора" баргузор мешавад. Бегоҳи рӯзи 24 декабр президенти мо Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳузур мепазирад. Дар назар масъулаҳое чун сиёсат, савдо, иқтисод, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасии президентҳо қарор гирад", - тавзеҳ дод Ушаков.
Номбурда таъкид намуд, ки масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷират низ баррасӣ мешава ва президентҳо дар ин бора аллакай ба мувофиқа расидаанд.
Илова бар ин, президентҳо ҳамчунин дар заминаи раёсати Русия дар ИДМ дар соли 2024, бо дарназардошти он, ки раёсати соли оянда дар ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад, табодули назар хоҳанд кард.
Тавре Ушаков гуфт, Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст. Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молии мутақобила нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1% афзуда, ба 1,08 млрд доллар расид.
Бояд гуфт, Русия пас аз Чин сармоягузори асосии Тоҷикистон аст. Русия тақрибан 90% эҳтиёҷоти иқтисоди Тоҷикистонро ба маҳсулоти нафтӣ таъмин мекунад.
Ҳамчунин, дар донишгоҳҳои Русия беш аз 36 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.