https://sputnik.tj/20241225/didori-rahmon-putin-maskav-chiro-barras-kardand-1065641856.html
Дидори рӯ ба рӯ: Раҳмон бо Путин дар Санкт-Петербург чиро баррась карданд?
Дидори рӯ ба рӯ: Раҳмон бо Путин дар Санкт-Петербург чиро баррась карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Тоҷикистону Русия зимни дидор дар шаҳри Санкт-Петербург масоили ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотиро баррасӣ карданд
2024-12-25T11:47+0500
2024-12-25T11:47+0500
2024-12-25T12:30+0500
дар тоҷикистон
русия
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
мулоқот
санкт-петербург
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065643965_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_97dc9880ed2aa340951ebd57d91debf6.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербург бо Президенти Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом дод.Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.Қайд карда шудааст, ки сарони ҳарду давлат ҳамдигарро бо наздик омадани соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфтанд.Зикр гардидааст, ки зимни баррасии масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла зикр гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Русия ҳамоно шарики асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад.Ҳамчунин қайд гардидааст, ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг низ дар ҳоли густариш қарор дорад.Роҳбарони ду кишҳвар ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳ хос зоҳир карданд.Ҳамчунин ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, зимни мулоқот гуфтугӯйи судманд, дар бораи рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, ки раёсат дар он аз соли нав ба Тоҷикистон мегузарад, сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20241224/sodiroti-barkhe-molhoi-tojikiston-rusiya-afzoish-1065629368.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065643965_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_43f694e8a6c4e9e4af72d613d1670bd1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҳмон, путин, мулоқот, музокирот, русия, санкт-петербург
тоҷикистон, раҳмон, путин, мулоқот, музокирот, русия, санкт-петербург
Дидори рӯ ба рӯ: Раҳмон бо Путин дар Санкт-Петербург чиро баррась карданд?
11:47 25.12.2024 (Навсозишуда: 12:30 25.12.2024) Роҳбарони Тоҷикистону Русия зимни дидор дар шаҳри Санкт-Петербург масоили ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербург бо Президенти Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Қайд карда шудааст, ки сарони ҳарду давлат ҳамдигарро бо наздик омадани соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфтанд.
Зикр гардидааст, ки зимни баррасии масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла зикр гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Русия ҳамоно шарики асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
“Гардиши мол миёни ду кишвар 19,8% афзун гардида, ҳаҷми он ба 1,79 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин қайд гардидааст, ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг низ дар ҳоли густариш қарор дорад.
Роҳбарони ду кишҳвар ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳ хос зоҳир карданд.
Ҳамчунин ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, зимни мулоқот гуфтугӯйи судманд, дар бораи рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, ки раёсат дар он аз соли нав ба Тоҷикистон мегузарад, сурат гирифт.