Тоҷикистон аз Сурия наздик ба 400 шаҳрвандашро баргардонидааст

© AP / Hogir El AbdoБеженцы в Сирии, архивное фото
Беженцы в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Обуна шудан
Роҳбари ташкилоти GCERF мегӯяд, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар баргардонидани шаҳрвандони худ аз урдугоҳҳои Сурия дар ҷаҳон пешсафанд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тақрибан 400 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи бозгашт аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар ин бора раҳбари Фонди глобалии ҷомеаи устуворӣ (GCERF) Холид Коссер дар мусоҳиба бо РИА “Новости” хабар дод.
"Агар Белгияро бо Тоҷикистон муқоиса кунед, дар Тоҷикистон мегӯянд, ки инҳо шаҳрвандони мо ҳастанд, мо дар назди онҳо уҳдадор ҳастем. Аврупои Ғарбӣ танҳо умедвор аст, ки мушкилот худ аз худ бартараф мешавад, одамон дар урдугоҳҳо мемиранд ва ин басанда аст, агар ба ин мушкилот чашм банданд”, — кайд кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба фарқ аз кишварҳои аврупоӣ, дар интиқоли шаҳрвандони худ аз урдугоҳҳо дар шимолу шарқи Сурия пешсафанд.
Заместитель министра иностранных дел Ирана Аббас Аракчи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2024
Сурия дигарбора дар нооромӣ: Эрон гуфт, фаъолшавии террористҳо кори кист?
Ҳамин тавр, тақрибан 2200 нафар шаҳрвандон ба кишварҳои мазкур баргардонида шуданд:
Қазоқистон – 754,
Қирғизистон – 533,
Тоҷикистон – 381,
Узбекистон — 531.
Коссер чунин барон аст, ки кишварҳои Аврупо ин корро накардаанд ва ҳамчун давлат уҳдадориҳои худро канор гузошта шаҳвандонашро партофтаанд.
Вай гуфт, таҷрибаи кор бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи бозгардонидани шаҳрвандон аз урдугоҳҳо дар шимолу шарқи Сурия нишон медиҳад, ки баъзе корҳоро метавон беҳтар кард, зеро дар чанд маврид занону кӯдакони ба ватан баргардонидашуда баъдан ба Сурия баргаштанд.
"Сухан асосан дар бораи занону кӯдакон меравад. Акнун ба мардон ҳам рабт дода мешавад. Чӣ гуна шахсонеро, ки ба ватан баргардонида шуданд ва ошкоро ҷангидаанд, террорист буданд ва онҳоро ба кор кард ... аксари онҳо зиндонӣ мешаванд, ки онҳо фазои тундгароиро ба зиндонҳо мекучонанд", - илова намуд роҳбари GCERF.
Президент Сирии Б. Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2024
Башор Асад фирору ҳукуматаш суқут кард: дар Сурия чӣ мегузарад
Дар шимолу шарқи Сурия - дар қаламрави таҳти назорати воҳидҳои арабу курдҳои Нерӯҳои демократии Сурия (SDF) ва Иёлоти Муттаҳида урдугоҳҳое мавҷуд аст, ки дар он тибқи маълумоти сарчашмаҳои гуногун аз 65 то 70 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Занону кӯдакон аз оилаҳои ҷангҷӯёни созмони террористии ДОИШ(дар Русия мамнӯъ аст) ҳузур доранд.
Дар байни сокинони ин урдугоҳҳо ба ғайр аз суриягиҳо, шаҳрвандони кишварҳои дигар низ хастанд.
Лентаи хабарҳо
0