https://sputnik.tj/20241130/suriya-digarbora-noorom-eron-faolshavi-terrorist-kor-kist-1065325677.html
Сурия дигарбора дар нооромӣ: Эрон гуфт, фаъолшавии террористҳо кори кист?
Сурия дигарбора дар нооромӣ: Эрон гуфт, фаъолшавии террористҳо кори кист?
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи авҷ гирифтани ҳамалоти гуруҳҳои террористӣ дар бархе манотиқи Сурия, Эрон пуштибонияшро аз ҳукумати Башор Асад эълон кард
2024-11-30T15:05+0500
2024-11-30T15:05+0500
2024-12-02T01:56+0500
ховари миёна
сурия
нооромӣ
сиёсат
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/02/1065337135_0:0:2708:1523_1920x0_80_0_0_fa5133c42ea08c9ebc51082ebae09581.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия як тарҳи Амрикову Исроил аст, ки пас аз шикасти Тел-Авив аз нерӯҳои муқовимат дар Лубнон ва Фаластин амалӣ шудааст.Дар ин бора вазири умури хориҷии Эрон аббос Ироқчӣ дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои суриягияш Бассам Саббоҳ изҳор дошт.Ӯ гуфт, ки Теҳрон ба ҳимоят аз ҳукумат, мардум ва артиши Сурия мубориза бо терроризмро идома хоҳад дод. Қаблан вазорати дифои Сурия эълом карда буд, ки артиши ҳукуматӣ бо террористоне, ки ба вилоятҳои Ҳалаб ва Идлиб ҳамла карданд, вориди набард шудааст. Гурӯҳҳои созмони террористии "Ҳаёт Таҳрир аш-Шом"* (собиқ бо номи “Ҷабҳат-ан-Нусра”, созмони террористӣ дар Федератсияи Русия мамнӯъ) бо нақзи созишномаи коҳиши шиддат ба деҳаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин дар як ҷабҳаи васеъ дар музофотҳои Ҳалаб ва Идлиб ва мавқеъҳои низомии ин кишвар ҳамла карданд. Ба гуфтаи вазорати низомии Сурия, артиш ба ин ҳамла вокуниш нишон дод ва дар натиҷа террористон аз нерӯи инсонӣ ва техника талафот диданд. Ироқчӣ фаъолсозии дубораи гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияро як тарҳи Амрикову Исроил дар пайи шикасти Исроил бар зидди нерӯҳои муқовимат дар Лубнон ва Фаластин тавсиф кард."Эрон ба ҳимоят аз ҳукумат, мардум ва артиши Сурия ва ҳифзи амнияту субот дар минтақа мубориза бо терроризмро идома хоҳад дод”,- гуфта мешавад дар паём дар шабакаи расмии Вазорати умури хориҷии Эрон. Рӯзи панҷшанбе муовини раиси Маркази оштии ҷонибҳои даргир дар Сурия капитани рутбаи аввал Олег Игнасюк гуфт, ки ҷангҷӯёни марбут ба гурӯҳи террористии "Ан-Нусра"* ба қаламрави таҳти идораи артиши Сурия ҳамла кардаанд. Нерӯҳои артиш дар вилоятҳои Ҳалаб ва Идлиб рӯзи чаҳоршанбе дастикам 400 ҷангҷӯро нобуд карданд, гуфт вай.*-созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия манъ аст
https://sputnik.tj/20240917/kiev-muboriza-artishi-rusiya-suriya-terroristho-tavoffuq-1064366622.html
ховари миёна
сурия
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/02/1065337135_0:0:2708:2031_1920x0_80_0_0_fb804d3d4f579171d133a439da5e16a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сурия ноором эрон террористҳо
сурия ноором эрон террористҳо
Сурия дигарбора дар нооромӣ: Эрон гуфт, фаъолшавии террористҳо кори кист?
15:05 30.11.2024 (Навсозишуда: 01:56 02.12.2024) Дар пайи авҷ гирифтани ҳамалоти гуруҳҳои террористӣ дар бархе манотиқи Сурия, Эрон пуштибонияшро аз ҳукумати Башор Асад эълон кард
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия як тарҳи Амрикову Исроил аст, ки пас аз шикасти Тел-Авив аз нерӯҳои муқовимат дар Лубнон ва Фаластин амалӣ шудааст.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Эрон аббос Ироқчӣ дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои суриягияш Бассам Саббоҳ изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки Теҳрон ба ҳимоят аз ҳукумат, мардум ва артиши Сурия мубориза бо терроризмро идома хоҳад дод.
Қаблан вазорати дифои Сурия эълом карда буд, ки артиши ҳукуматӣ бо террористоне, ки ба вилоятҳои Ҳалаб ва Идлиб ҳамла карданд, вориди набард шудааст.
Гурӯҳҳои созмони террористии "Ҳаёт Таҳрир аш-Шом"* (собиқ бо номи “Ҷабҳат-ан-Нусра”, созмони террористӣ дар Федератсияи Русия мамнӯъ) бо нақзи созишномаи коҳиши шиддат ба деҳаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин дар як ҷабҳаи васеъ дар музофотҳои Ҳалаб ва Идлиб ва мавқеъҳои низомии ин кишвар ҳамла карданд.
Ба гуфтаи вазорати низомии Сурия, артиш ба ин ҳамла вокуниш нишон дод ва дар натиҷа террористон аз нерӯи инсонӣ ва техника талафот диданд.
Ироқчӣ фаъолсозии дубораи гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияро як тарҳи Амрикову Исроил дар пайи шикасти Исроил бар зидди нерӯҳои муқовимат дар Лубнон ва Фаластин тавсиф кард.
"Эрон ба ҳимоят аз ҳукумат, мардум ва артиши Сурия ва ҳифзи амнияту субот дар минтақа мубориза бо терроризмро идома хоҳад дод”,- гуфта мешавад дар паём дар шабакаи расмии Вазорати умури хориҷии Эрон.
Рӯзи панҷшанбе муовини раиси Маркази оштии ҷонибҳои даргир дар Сурия капитани рутбаи аввал Олег Игнасюк гуфт, ки ҷангҷӯёни марбут ба гурӯҳи террористии "Ан-Нусра"* ба қаламрави таҳти идораи артиши Сурия ҳамла кардаанд.
Нерӯҳои артиш дар вилоятҳои Ҳалаб ва Идлиб рӯзи чаҳоршанбе дастикам 400 ҷангҷӯро нобуд карданд, гуфт вай.
*-созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия манъ аст