https://sputnik.tj/20241208/bashor-asad-firor-hukumat-suqut-suriya-1065413860.html
Башор Асад фирору ҳукуматаш суқут кард: дар Сурия чӣ мегузарад
Башор Асад фирору ҳукуматаш суқут кард: дар Сурия чӣ мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Шабакаи Аl-Mayadeen бо истинод ба хабаргузории Ройтерз хабар дод, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ бидуни бархурде аз артиши Сурия вориди Димишқ шудаанд
2024-12-08T11:52+0500
2024-12-08T11:52+0500
2024-12-09T11:24+0500
сурия
ховари миёна
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065424873_0:0:1584:892_1920x0_80_0_0_e1d515843b94d72c94bcbb7c687f767d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар изҳороти фармондеҳии артиши Сурия аз суқути ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия хабар дод.Изҳороти фармондеҳии артиши Сурия субҳи рӯзи якшанбе пас аз тасарруфи Димишқ аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳ ва хабари хуруҷи Башор Асад аз Сурия нашр шуд.Субҳи рӯзи якшанбе расонаҳои ғарбӣ ва арабӣ дар бораи хуруҷи Башор Асад аз Сурия ва вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳ ба Димишқ, пойтахти ин кишвар хабар пахш карданд.Шабакаи Al Arabiya субҳи якшанбе дар гузорише иддао кард, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ алайҳи Башор Асад чанд соат пеш вориди Димишқ шуда ва пойтахти Сурияро таҳти назорат гирифтаанд.Шабакаи Аl-Mayadeen низ бо истинод ба хабаргузории Ройтерз хабар дод, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ бидуни бархурде аз артиши Сурия вориди Димишқ шудаанд.Бино ба гузориши ин шабака аз Ройтерз, ӯ ҳамчунин аз қавли мақомоти баландпояи Сурия ва афзуд, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, Димишқро ба самти номаълум тарк кардааст. Тибқи иддаои расонаҳои арабӣ ва ғарбӣ, аз ҷумла CNN ва Reuters, Асад Димишқро ба самти номаълуме тарк кард, ки метавонад берун аз Сурия ё дар дохили Сурия бошад.Расонаҳои марбут ба гурӯҳҳои мусаллаҳ гуфтаанд, ки онҳо вориди бинои родию ва телевизиони Сурия шудаанд ва ин расонаро зери назорат гирифтанд.Раҳбари “Таҳрир-аш-Шом” эълом дошт, ки Муҳаммад Ғозӣ Ал-Ҷалолӣ то замони ба таври расмӣ интиқоли қудрат ба созмонҳо ва вазоратхонаҳо раҳбарӣ мекунад.Чанд соате пеш Муҳаммад Алҷалолӣ, нахуствазири Сурия, пас аз эъломи суқути ҳукумати ин кишвар аз сӯи мухолифон гуфт, омода аст бо ҳар касе, ки мардуми Сурия интихоб кунанд, ҳамкорӣ кунад.Расонаҳои минтақавӣ дар ҳамин ҳол ба нақл аз расонаҳои исроилӣ хабар додааст, ки нерӯҳои заминии артиши Исроил ҳамроҳ бо танкҳои артиш ба қаламрави Сурия ворид мешаванд.Аҳмад ал-Шаро ё Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонӣ, раиси “Таҳрир аш-Шом”* (собиқ “Ҷабҳаи ан-Нусра”*), ки худро фармондеҳи утоқи амалиётии мухолифони Сурия меномад, аз мардуми Сурия хостааст, ки то таҳвили расмӣ зери роҳбарии нахуствазӣр ба муассисаҳои ҳукумат наздик нашаванд.Ҳодӣ ал-Баҳра, раиси Эътилофи миллии Сурия, шохаи аслии мухолифони сурӣ дар хориҷи кишвар, ки дар Туркия мустақар аст, субҳи рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо шабакаи Al Arabiya эълом кард, Димишқ ва дигар шаҳрҳои ин кишвар амнанд ва масъалаи интиқомгирӣ матраҳ нест."Раванди интиқоли қудрат бо ҳамоҳангии Созмони Милали Муттаҳид сурат мегирад ва бахшҳо дар тӯли ду рӯз ба фаъолияти муқаррарии худ шурӯъ мекунанд”,- гуфт Ал-Баҳра.
https://sputnik.tj/20241208/jangjuyon-vorid-dimishq-nizomiyon-shahr-tark-suriya-1065413519.html
https://sputnik.tj/20241206/takfirihoi-osiyoi-markazi-jangi-okhirini-vashington-baroi-baqo-1065398701.html
сурия
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065424873_240:0:1584:1008_1920x0_80_0_0_3fb72ba70ecab08a706283f15386213e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
башор асад фирор ҳукумат суқут сурия
башор асад фирор ҳукумат суқут сурия
Башор Асад фирору ҳукуматаш суқут кард: дар Сурия чӣ мегузарад
11:52 08.12.2024 (Навсозишуда: 11:24 09.12.2024) Шабакаи Аl-Mayadeen бо истинод ба хабаргузории Ройтерз хабар дод, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ бидуни бархурде аз артиши Сурия вориди Димишқ шудаанд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар изҳороти фармондеҳии артиши Сурия аз суқути ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия хабар дод.
Изҳороти фармондеҳии артиши Сурия субҳи рӯзи якшанбе пас аз тасарруфи Димишқ аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳ ва хабари хуруҷи Башор Асад аз Сурия нашр шуд.
Субҳи рӯзи якшанбе расонаҳои ғарбӣ ва арабӣ дар бораи хуруҷи Башор Асад аз Сурия ва вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳ ба Димишқ, пойтахти ин кишвар хабар пахш карданд.
Шабакаи Al Arabiya субҳи якшанбе дар гузорише иддао кард, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ алайҳи Башор Асад чанд соат пеш вориди Димишқ шуда ва пойтахти Сурияро таҳти назорат гирифтаанд.
Шабакаи Аl-Mayadeen низ бо истинод ба хабаргузории Ройтерз хабар дод, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ бидуни бархурде аз артиши Сурия вориди Димишқ шудаанд.
Бино ба гузориши ин шабака аз Ройтерз, ӯ ҳамчунин аз қавли мақомоти баландпояи Сурия ва афзуд, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, Димишқро ба самти номаълум тарк кардааст. Тибқи иддаои расонаҳои арабӣ ва ғарбӣ, аз ҷумла CNN ва Reuters, Асад Димишқро ба самти номаълуме тарк кард, ки метавонад берун аз Сурия ё дар дохили Сурия бошад.
Расонаҳои марбут ба гурӯҳҳои мусаллаҳ гуфтаанд, ки онҳо вориди бинои родию ва телевизиони Сурия шудаанд ва ин расонаро зери назорат гирифтанд.
Раҳбари “Таҳрир-аш-Шом” эълом дошт, ки Муҳаммад Ғозӣ Ал-Ҷалолӣ то замони ба таври расмӣ интиқоли қудрат ба созмонҳо ва вазоратхонаҳо раҳбарӣ мекунад.
Чанд соате пеш Муҳаммад Алҷалолӣ, нахуствазири Сурия, пас аз эъломи суқути ҳукумати ин кишвар аз сӯи мухолифон гуфт, омода аст бо ҳар касе, ки мардуми Сурия интихоб кунанд, ҳамкорӣ кунад.
Расонаҳои минтақавӣ дар ҳамин ҳол ба нақл аз расонаҳои исроилӣ хабар додааст, ки нерӯҳои заминии артиши Исроил ҳамроҳ бо танкҳои артиш ба қаламрави Сурия ворид мешаванд.
Аҳмад ал-Шаро ё Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонӣ, раиси “Таҳрир аш-Шом”* (собиқ “Ҷабҳаи ан-Нусра”*), ки худро фармондеҳи утоқи амалиётии мухолифони Сурия меномад, аз мардуми Сурия хостааст, ки то таҳвили расмӣ зери роҳбарии нахуствазӣр ба муассисаҳои ҳукумат наздик нашаванд.
Ҳодӣ ал-Баҳра, раиси Эътилофи миллии Сурия, шохаи аслии мухолифони сурӣ дар хориҷи кишвар, ки дар Туркия мустақар аст, субҳи рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо шабакаи Al Arabiya эълом кард, Димишқ ва дигар шаҳрҳои ин кишвар амнанд ва масъалаи интиқомгирӣ матраҳ нест.
"Раванди интиқоли қудрат бо ҳамоҳангии Созмони Милали Муттаҳид сурат мегирад ва бахшҳо дар тӯли ду рӯз ба фаъолияти муқаррарии худ шурӯъ мекунанд”,- гуфт Ал-Баҳра.