Русия бе назардошти андешаи дигарон тасмим мегирад: Нукоти асосӣ аз нишасти Путин

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкИтоги 2024 года с Владимиром Путиным
Итоги 2024 года с Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар нишасти матбуотии солонааш, ки чаҳоруним соат идома ёфт ба 76 суоли рӯзноманигорону сокинони дар боари сиёсати хориҷию дохилӣ посух дод
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Русия қавитар шуд, тасмимҳо танҳо дар асоси манфиатҳои миллии худ, бе хоҳишу андешаҳои дигарон гирифта мешаванд.
Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотии муштарак ба суоли хабарнигори амрикоӣ посух дод.
"Ман боварӣ дорам, ки Русия дар ҳамон мавқеъ аст, ки мо онро мехостем. Русия ба як кишвари воқеии соҳибихтиёр табдил ёфтааст ва мо бе назардошти андешаҳои дигарон вобаста манфиатҳои миллии мо тасмим хоҳем гирифт”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи иқтисод ва таҳкими иқтидори дифоъӣ ба Русия имкон медиҳад, ки аз касе вобаста набошад ва дилпурона ба по биистад.

Иқтисодиёти Русия ва рушди минтақаҳои нав

Ҳукумати Русия дар бораи оянда фикр мекунад, ҳадафҳои рушдро таҳия мекунад, гуфт президенти Русия.
"Ҳукумат мо вақте, ки дар бораи оянда фикр мекунад, корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Вазифаҳо, ҳадафҳои рушд ва ҳадафҳои рушди миллиро низ таҳия мекунад", - гуфт Путин.
Путин рушди иқтисоди Русияро баҳо дода, онро натиҷаи соҳибихтиёрӣ номид.
Натиҷагирии сол аз ҷониби Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Владимир Путин натиҷаи соли 2024-ро ҷамъбаст мекунад – видео
"Ин барои кишвари мо махсусан муҳим аст, зеро агар мо соҳибихтиёриро аз даст диҳем, мо давлатро аз даст медиҳем. ин аз ҳама муҳим аст ва таҳкими соҳибихтиёрӣ низ натиҷаи рушди иқтисодӣ аст".
Раҳбари Русия ёдовар шуд, ки ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва иқтисодӣ Русияро аз рӯи ҳаҷми иқтисодӣ дар байни кишварҳои аврупоӣ дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон дар ҷои чаҳорум қарор додаанд.
"Чин, Иёлоти Муттаҳида, Ҳиндустон дар пешанд, ки мо соли гузашта аз Олмон ва имсол аз Ҷопон пеш гузаштем", - афзуд ӯ.
Тибқи пешгӯиҳои ХБА, Русия дар соли ҷорӣ суръати баланди афзоиши ММД- 3,6%-ро дар байни кишварҳои бузурги Аврупо нишон додааст.
Оқои Путин таъкид кард, ки вазорати рушди иқтисод интизор дорад, ки онҳо боз ҳам баландтар хоҳанд буд - 3,9%.
Дар баробари ин, вазъи иқтисоди Русия дар маҷмӯъ мӯътадил ва боэътимод аст.
Путин ёдовар шуд, ки минтақаҳои нави Русия дорои имконоти хеле бузурги рушд доранд.
"Русия барои барқарор кардани тамоми қаламравҳои таърихии худ қудрат ва имкони кофӣ дорад, ба ин набояд ҳеҷ гуна шубҳа дошта бошад, ки мо барои барқарорсозӣ ва рушди ин қаламравҳо як барномаи бузург дорем", - гуфт роҳбари Русия.

Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина

Қароре, ки моҳи феврали соли 2022 қабул шуда буд, бояд пештар қабул мешуд, ба эътиқоди Путин, Русия маҷбур шуд амалиётро оғоз кунад чун дигар барои кишвараш интихоб нагузоштанд.
Тактико-специальное учение ОТРК Искандер-М  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Путин кишварҳои Ғарбро дар Украина ба дуэл даъват кард
"Агар ман медонистам, ки вазъ мисли имрӯза мешавад тасмимеро, ки феврали соли 2022 гирифтам барвақтар мегирифтам. Якум ва дуюм: агар медонистем ба амалиёти вижаи низомӣ, омодагӣ мегирифтем", - гуфт Путин.
Раисиҷумҳури Русия гуфт, ки ду соли ахир барои тамоми кишвар як имтиҳони ҷиддӣ будааст.
Вай таъкид кард, ки Русия ба сулҳ не, балки сулҳи пойдор, ки бо кафолати боэътимоди амниятии кишвар ва шаҳрвандонаш таъмин аст, ниёз дорад.
Илова бар ин, Путин изҳори итминон кард, ки таваққуфи низои тӯлонии бо Украина ба душман имкон медиҳад, ки кадрҳои худро таълим ва тақвият диҳад.

Сурия

Путин дар посух ба суолҳо дар бораи вазъи кунунии Сурия гуфт, Русия бо ҷилавгирӣ аз таъсиси як минтақаи террористӣ дар ин кишвар ба ҳадафҳои худ расид.
"Мо 10 сол пеш ба Сурия омадем, ки дар онҷо як минтақаи террористӣ ба вуҷуд наояд, ба мисли он ки дар баъзе кишварҳои дигар, масалан, Афғонистон мушоҳида кардем, мо ба ҳадафҳои худ расидем.
Дар ҳамин ҳол, Русия тасарруфи қаламравҳои Сурия аз ҷониби Исроилро маҳкум кард.
Путин бовар дорад, ки манфиатдори аслии ҳодисаҳое, ки имрӯз дар Сурия, рух медиҳад Исроил аст.
Итоги 2024 года с Владимиром Путиным  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Путин: БРИКС василаи муқовимат бо Ғарб нест
"Ҳоло Исроил ба он ҷо нерӯ мефиристад ва мавқеъи худро мустаҳкам мекунад", - гуфт раисыумщури Русия.
Русия бо ҳама ҷонибҳое, ки имрӯз вазъро дар Сурия назорат мекунанд, ба сулҳу оромиро нигоҳ медоранд дар тамос аст. Вале имруз вазъияти Сурия осон нест.
Дар ҳамин ҳол, теъдоди зиёди кишварҳои Ховари Миёна ҷонибдори боқӣ мондани пойгоҳҳои низомии Русия дар Сурия ҳастанд, таъкид кард Путин.
Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки Русия аллакай метавонад аз пойгоҳҳои низомӣ дар Сурия, пойгоҳи ҳавоии Хмеймим барои интиқоли кумакҳои башардӯстона истифода кунад.

Равобит бо Чин

Солҳои охир сатҳу сифати муносибатҳои Русия ва Чин мисли пештара баланд буд, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
Ҳаҷми табодули коло миёни Русия ва Чин, тибқи ҳисобҳои мухталиф, 220-240 миллиард доллар аст ва дар ҳоли афзоиш аст.
Флаги России и Украины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин шарти музокира бо Зеленскийро гуфт
Раисиҷумҳури Русия гуфт, Русия ва Чин ҳеҷ коре намекунанд, ки хилофи манфиатҳои кишварҳояшон бошад ва ҳамзамон тақрибан ҳамеша амалҳои худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамоҳанг мекунанд.
"Мо ҳеҷ коре намекунем, ки хилофи манфиатҳои мо бошад ва мо коре мекунем, ки ба манфиатҳои ҳам Чин ва ҳам мардуми Русия мувофиқат кунад" гуфт Путин.
"Натиҷаи сол" бо Владимир Путин чаҳоруним соат идома кард ва дар ин муддат сарвари давлат ба 76 савол, аз ҷумла ба 14 савол дар мавзӯи амалиёти вижаи низомӣ посух дод.
Путин ба саволҳои 33 намояндаи ВАО, аз ҷумла блогерҳо ва модераторҳо, инчунин тақрибан 30 шаҳрванд, аз ҷумла як оила аз Краснодар посух дод.
Ғайр аз ин, Путин ба суолҳои шаш нашрияҳои хориҷӣ, аз чумла аз кишварҳои ғайридӯст — ИМА ва Бритониё посухи кулли дод.
Лентаи хабарҳо
0