https://sputnik.tj/20241219/putin-sharti-muzokira-bo-zelenskiyro-guft-1065585730.html
Путин шарти музокира бо Зеленскийро гуфт
Путин шарти музокира бо Зеленскийро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин гуфт, ки Русия бо Зеленский метавонад танҳо пас аз интихобот ва мақоми қонунӣ пайдо кардани ӯ музокира кунад
2024-12-19T18:21+0500
2024-12-19T18:21+0500
2024-12-19T18:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёти вижа
украина
владимир путин
музокира
иҷрои шарт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046355634_0:0:3309:1862_1920x0_80_0_0_43621c69a88902296a717fd876fc5e72.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Президент Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Русия бо Владимир Зеленский сӯҳбат хоҳад кард, агар ӯ ба интихобот равад ва мақоми қонунӣ пайдо кунад."Агар касе ба интихобот равад ва мақомои қонунӣ пайдо кунад, мо бо ҳар кас, аз ҷумла Зеленский сӯҳбат хоҳем кард, ҳоло агар Украина воқеан роҳи ҳалли мусолиматомезро пеш гирифтанӣ бошад, онҳо метавонанд ин корро кунанд, онҳо метавонанд ин равандро дар дохили кишвар тавре, ки мехоҳанд, ташкил кунанд. Мо созишномаро танҳо бо онҳое, ки мақоми қонунӣ доранд, имзо карда метавонем", — гуфт раҳбари Русия.Вай ҳамчунин қайд кард, ки Русия омода аст музокироти сулҳро бидуни шартҳои пешакӣ, вале бар асоси тавофуқоти Истамбул ва бар асоси воқеиятҳои заминӣ оғоз кунад.Владимир Путин қайд кард, ки Русия асноди сулҳро танҳо бо намояндаи мақомоти қонунии Украина имзо хоҳад кард.Вай гуфт, ин як масъалаи ҳуқуқӣ аст."Ҳоло, агар Украина мехоҳад, ки роҳи ҳалли мусолиматомезро пеш гирад ва онҳо ин корро карда тавонанд, онҳо метавонанд ин равандро дар дохили Украина тавре, ки мехоҳанд, ташкил кунанд, аммо мо метавонем танҳо бо онҳое, ки қонунӣ ҳастанд Рада (парлумон) ва Раиси Рада, ин як масъалаи сирф формалӣ аст, ки онҳо метавонанд онро дар дохили он ташкил кунанд, аммо агар мо ягон ҳуҷҷатро имзо кунем, мо метавонем онро бо намояндагони идораҳои қонунӣ имзо кунем. Ҳамааш ҳамин аст", - гуфт Путин.Раисиҷумҳури Русия қайд кард, ки кишвараш барои оғози музокира бо Украина шартҳои пешакӣ надорад.Путин дар посух ба ин суол, ки Маскав барои оғози музокира бо Киев омода аст, гуфт, "Мо ҳеҷ шарте надорем".Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Русия гуфт, мақомоти иҷроия ва блоки низомие, ки аз ҷониби раҳбари ғайриқонунии Украина таъин шудааст, низ мақоми қонуниии худро аз даст медиҳанд.
https://sputnik.tj/20241219/vladimir-putin-natijai-sol-jambast-mekunad-pakhshi-mustaqim-1065574338.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046355634_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_66071d9375e805ecf3cdc34614cc0aba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисҷумҳур, русия, украина, музокира, сулҳ, зеленский,
владимир путин, раисҷумҳур, русия, украина, музокира, сулҳ, зеленский,
Путин шарти музокира бо Зеленскийро гуфт
Владимир Путин гуфт, ки Русия бо Зеленский метавонад танҳо пас аз интихобот ва мақоми қонунӣ пайдо кардани ӯ музокира кунад
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Президент Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Русия бо Владимир Зеленский сӯҳбат хоҳад кард, агар ӯ ба интихобот равад ва мақоми қонунӣ пайдо кунад.
"Агар касе ба интихобот равад ва мақомои қонунӣ пайдо кунад, мо бо ҳар кас, аз ҷумла Зеленский сӯҳбат хоҳем кард, ҳоло агар Украина воқеан роҳи ҳалли мусолиматомезро пеш гирифтанӣ бошад, онҳо метавонанд ин корро кунанд, онҳо метавонанд ин равандро дар дохили кишвар тавре, ки мехоҳанд, ташкил кунанд. Мо созишномаро танҳо бо онҳое, ки мақоми қонунӣ доранд, имзо карда метавонем", — гуфт раҳбари Русия.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Русия омода аст музокироти сулҳро бидуни шартҳои пешакӣ, вале бар асоси тавофуқоти Истамбул ва бар асоси воқеиятҳои заминӣ оғоз кунад.
Владимир Путин қайд кард, ки Русия асноди сулҳро танҳо бо намояндаи мақомоти қонунии Украина имзо хоҳад кард.
Вай гуфт, ин як масъалаи ҳуқуқӣ аст.
"Ҳоло, агар Украина мехоҳад, ки роҳи ҳалли мусолиматомезро пеш гирад ва онҳо ин корро карда тавонанд, онҳо метавонанд ин равандро дар дохили Украина тавре, ки мехоҳанд, ташкил кунанд, аммо мо метавонем танҳо бо онҳое, ки қонунӣ ҳастанд Рада (парлумон) ва Раиси Рада, ин як масъалаи сирф формалӣ аст, ки онҳо метавонанд онро дар дохили он ташкил кунанд, аммо агар мо ягон ҳуҷҷатро имзо кунем, мо метавонем онро бо намояндагони идораҳои қонунӣ имзо кунем. Ҳамааш ҳамин аст", - гуфт Путин.
Раисиҷумҳури Русия қайд кард, ки кишвараш барои оғози музокира бо Украина шартҳои пешакӣ надорад.
Путин дар посух ба ин суол, ки Маскав барои оғози музокира бо Киев омода аст, гуфт, "Мо ҳеҷ шарте надорем".
Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Русия гуфт, мақомоти иҷроия ва блоки низомие, ки аз ҷониби раҳбари ғайриқонунии Украина таъин шудааст, низ мақоми қонуниии худро аз даст медиҳанд.