https://sputnik.tj/20241219/putin-kishvarhoi-gharbro-ukraina-duel-davat-kard-1065578571.html
Путин кишварҳои Ғарбро дар Украина ба дуэл даъват кард
Путин кишварҳои Ғарбро дар Украина ба дуэл даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия ба кишварҳои Ғарб пешниҳод кард, ки ба муқобили мушаки ҷадиди “Орешник” падофандҳои муоссири худро дар Украина озмоиш кунанд
2024-12-19T15:24+0500
2024-12-19T15:24+0500
2024-12-19T16:34+0500
владимир путин
русия
дар русия
мушак
озмоиши мушак
нишасти матбуотӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/0b/1065470446_0:307:3027:2010_1920x0_80_0_0_dd4ef6b91caa6df113d85d40d24d0740.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Владимир Путин зимни нишасти матбуотиаш, аз кишварҳои ғарбӣ даъват кард, ки ҳадафро дар Киев худашон барои Орешник интихоб кунанд.Вай аз коршиносони ғарбӣ даъват кард, ҳадафи барои “Орешник” муайян кунанд ва гуфт, ки Русия омода аст, ин дуэли технологиро анҷом диҳад."Бигзор онҳо ба мо пешниҳод кунанд ва ба онҳое, ки дар Ғарбу Иёлоти Муттаҳида барои таҳлилашон ба онҳо пул мепардозанд, пешниҳод кунанд, ки як навъ озмоиши технологӣ, чунин дуэли технологии асри бисту якро анҷом диҳанд. Бигзор онҳо дар Киев ягон иншооти нобуд карданро муайян кунанд, онҳо тамоми падофанди ҳавоии худро дар он ҷо ҷамъ кунанд ва мо бо “Орешник” ба онҷо зарба мезанем ва мебинем чӣ мешавад. Мо ба чунин озмоиш омодаем”, - қайд кард Путин дар нишасти матбуотӣ.Путин таъкид кард, ки душман имкони ба осонӣ сарнагун кардани мушаки “Орешник”-ро надорад."Тасаввур кунем, ки системаи мо ("Орешник") дар масофаи ду хазор километр вокеъ аст, хатто мушакҳои зиддимушакӣ, ки дар қаламрави Лаҳистон вокеъ гардидаанд, дар давоми якчанд сония ба он намерасанд. Чун дар ин вақт алакай ҷудошавии кулоҳакҳо оғоз мешавад. Бинобар ин имкони сарнагун кардани ин мушакҳо вуҷуд надорад ”гуфт ӯ.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мушаки "Орешник"-ро силоҳи муосир номид."Ин (Орешник) як силоҳи муосир ва хеле нав аст",- гуфт Путин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ.
https://sputnik.tj/20241122/hushdori-putin-gharb-ozmoishi-mushaki-navi-farosavtii-oreshnik-1065222891.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/0b/1065470446_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4203b46cc2d9cfefe60d8840eb8c2fb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, мушаки орешник, дуэл, ғарб, озмоиш, падофанди ҳафоӣ
путин, мушаки орешник, дуэл, ғарб, озмоиш, падофанди ҳафоӣ
Путин кишварҳои Ғарбро дар Украина ба дуэл даъват кард
15:24 19.12.2024 (Навсозишуда: 16:34 19.12.2024) Раисҷумҳури Русия ба кишварҳои Ғарб пешниҳод кард, ки ба муқобили мушаки ҷадиди “Орешник” падофандҳои муоссири худро дар Украина озмоиш кунанд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Владимир Путин зимни нишасти матбуотиаш, аз кишварҳои ғарбӣ даъват кард, ки ҳадафро дар Киев худашон барои Орешник интихоб кунанд.
Вай аз коршиносони ғарбӣ даъват кард, ҳадафи барои “Орешник” муайян кунанд ва гуфт, ки Русия омода аст, ин дуэли технологиро анҷом диҳад.
"Бигзор онҳо ба мо пешниҳод кунанд ва ба онҳое, ки дар Ғарбу Иёлоти Муттаҳида барои таҳлилашон ба онҳо пул мепардозанд, пешниҳод кунанд, ки як навъ озмоиши технологӣ, чунин дуэли технологии асри бисту якро анҷом диҳанд. Бигзор онҳо дар Киев ягон иншооти нобуд карданро муайян кунанд, онҳо тамоми падофанди ҳавоии худро дар он ҷо ҷамъ кунанд ва мо бо “Орешник” ба онҷо зарба мезанем ва мебинем чӣ мешавад. Мо ба чунин озмоиш омодаем”, - қайд кард Путин дар нишасти матбуотӣ.
Путин таъкид кард, ки душман имкони ба осонӣ сарнагун кардани мушаки “Орешник”-ро надорад.
"Тасаввур кунем, ки системаи мо ("Орешник") дар масофаи ду хазор километр вокеъ аст, хатто мушакҳои зиддимушакӣ, ки дар қаламрави Лаҳистон вокеъ гардидаанд, дар давоми якчанд сония ба он намерасанд. Чун дар ин вақт алакай ҷудошавии кулоҳакҳо оғоз мешавад. Бинобар ин имкони сарнагун кардани ин мушакҳо вуҷуд надорад ”гуфт ӯ.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мушаки "Орешник"-ро силоҳи муосир номид.
"Ин (Орешник) як силоҳи муосир ва хеле нав аст",- гуфт Путин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ.