https://sputnik.tj/20241217/nakhustin-izhoroti-bashor-asad-maskav-1065536434.html
Нахустин изҳороти Башор Асад баъд аз омаданаш ба Маскав
Нахустин изҳороти Башор Асад баъд аз омаданаш ба Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури собиқи Сурия таъкид кардааст, ки то саҳари 8-уми декабри соли равон дар пойтахти кишвараш шаҳри Димишқ қарор доштааст
2024-12-17T10:49+0500
2024-12-17T10:49+0500
2024-12-17T11:18+0500
сурия
русия
дар русия
димишқ
башор асад
изҳорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/11/1065539100_0:15:1014:585_1920x0_80_0_0_5ce7eae51d465201c7455004d638cc58.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури собиқи Сурия Башор Асад дар паёмаш, ки ахиран дар саҳифаи расмии дастгоҳаш нашр шуд гуфтааст, ки нақша надошт кишварашро тарк кунад."Ман Ватанамро қасдан тарк накадам, тавре ки инро ба ҳамагон мехоҳанд бигӯянд. Ман кишварамро то охирин соатҳо муҳорибаҳо тарк накардам. Дар Димишқ монда то субҳи 8 декабр вазифаҳоямро иҷро кардам. Дар он воқеаҳо на ман, на касе ва на дигарон масъалаи дархости паноҳгоҳ ва истеъфоро ба миён нагузоштаем”, — гуфт ӯ.Раисиҷумҳури собиқ таъкид кард, ки дар он рӯзҳо ягона интихоб "идомаи мубориза барои дифоъ дар баробари ҳамлаҳои террористӣ" буд.Ба гуфтаи сиёсатмадор, ӯ танҳо пас аз вуруди нерӯҳои мухолифини мусаллаҳ ба Димишқ, пойтахтро тарк кард. Роҳбари давлат ба вилояти Латакия рафт ва аз он ҷо нақша дошт, ки амалиёти низомиро идора кунад. Аммо пас аз расидан ба пойгоҳи ҳавоии Хмеймим, ки Русия онҷо ҳузур дорад, ӯ аз суқути Димишқ хабардор шуд."Маскав аз фармондеҳии пойгоҳ талаб кард, ки шоми 8 декабр фавран маро ба Русия интиқол диҳанд. Ин як рӯз пас аз суқути Димишқ рух дод", - қайд кард Асад.Тавре раисиҷумҳури собиқ таъкид кард, ӯ мардуму артиши худро тарк накарда, ёдовар шуд, ки дар душвортарин солҳои ҷанг Сурияро тарк накарда, дар хатти аввали оташ бо сарбозону афсарон даст ба даст истода буд.Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки тарки у аз Сурия бо сабаби суқути қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва фалаҷ шудани муассисаҳои давлатӣ сурат гирифт.Дар чунин вазъ, ба гуфтаи оқои Асад, пас аз ғасби қудрат аз ҷониби “террористон” мондани ӯ дар кишвар бемаънӣ буд, зеро ӯ имкони амалӣ кардани ваколатҳои президентии худро аз даст дод.Тағйири қудрат дар СурияАз охири моҳи ноябр гурӯҳҳои мусаллаҳ чанд шаҳри бузурги Сурия, аз ҷумла шаҳри Димишқро ишғол кардаанд. Рӯзи 8 декабр намояндагони мухолифин тариқи телевизиони давлатӣ эълон карданд, ки назорат бар кишварро барқарор кардаанд.Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Русия, бо бархе аз ширкаткунандагони даргириҳо музокира анҷом дод ва дар ҷараёни он тасмим гирифт, ки аз мақомаш истеъфо диҳад ва ҷумҳуриро тарк кунад. Москва дар ин музокирот иштирок накард.Баъдан як манбаъ дар Кремл ба РИА Новости гуфт, ки Асад ва аъзои хонаводааш ба пойтахти Русия омадаанд, ва ба далоили башардӯстона ба онҳо паноҳгоҳ дода шудааст.Ҳамсӯҳбати оҷонсӣ ҳамчунин қайд кард, ки мақомоти Русия бо намояндагони мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки раҳбарони онҳо амнияти пойгоҳҳои низомӣ ва муассисаҳои дипломатиро дар қаламрави Сурияро кафолат дода буданд, дар тамос ҳастанд.Ҳукумати муваққати Сурияро дар давраи гузариш Муҳаммад ал-Башир раҳбарӣ дорад.
https://sputnik.tj/20241208/bashor-asad-firor-hukumat-suqut-suriya-1065413860.html
https://sputnik.tj/20241130/suriya-digarbora-noorom-eron-faolshavi-terrorist-kor-kist-1065325677.html
сурия
русия
димишқ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/11/1065539100_70:0:945:656_1920x0_80_0_0_ee839e2e3fbf6546d8cd75c88f550f98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сурия, башор асад, раисҷумҳур, изҳорот, маскав, димишқ
сурия, башор асад, раисҷумҳур, изҳорот, маскав, димишқ
Нахустин изҳороти Башор Асад баъд аз омаданаш ба Маскав
10:49 17.12.2024 (Навсозишуда: 11:18 17.12.2024) Раисҷумҳури собиқи Сурия таъкид кардааст, ки то саҳари 8-уми декабри соли равон дар пойтахти кишвараш шаҳри Димишқ қарор доштааст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури собиқи Сурия Башор Асад дар паёмаш, ки ахиран дар саҳифаи расмии дастгоҳаш нашр шуд гуфтааст, ки нақша надошт кишварашро тарк кунад.
"Ман Ватанамро қасдан тарк накадам, тавре ки инро ба ҳамагон мехоҳанд бигӯянд. Ман кишварамро то охирин соатҳо муҳорибаҳо тарк накардам. Дар Димишқ монда то субҳи 8 декабр вазифаҳоямро иҷро кардам. Дар он воқеаҳо на ман, на касе ва на дигарон масъалаи дархости паноҳгоҳ ва истеъфоро ба миён нагузоштаем”, — гуфт ӯ.
Раисиҷумҳури собиқ таъкид кард, ки дар он рӯзҳо ягона интихоб "идомаи мубориза барои дифоъ дар баробари ҳамлаҳои террористӣ" буд.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, ӯ танҳо пас аз вуруди нерӯҳои мухолифини мусаллаҳ ба Димишқ, пойтахтро тарк кард. Роҳбари давлат ба вилояти Латакия рафт ва аз он ҷо нақша дошт, ки амалиёти низомиро идора кунад. Аммо пас аз расидан ба пойгоҳи ҳавоии Хмеймим, ки Русия онҷо ҳузур дорад, ӯ аз суқути Димишқ хабардор шуд.
"Маскав аз фармондеҳии пойгоҳ талаб кард, ки шоми 8 декабр фавран маро ба Русия интиқол диҳанд. Ин як рӯз пас аз суқути Димишқ рух дод", - қайд кард Асад.
Тавре раисиҷумҳури собиқ таъкид кард, ӯ мардуму артиши худро тарк накарда, ёдовар шуд, ки дар душвортарин солҳои ҷанг Сурияро тарк накарда, дар хатти аввали оташ бо сарбозону афсарон даст ба даст истода буд.
Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки тарки у аз Сурия бо сабаби суқути қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва фалаҷ шудани муассисаҳои давлатӣ сурат гирифт.
Дар чунин вазъ, ба гуфтаи оқои Асад, пас аз ғасби қудрат аз ҷониби “террористон” мондани ӯ дар кишвар бемаънӣ буд, зеро ӯ имкони амалӣ кардани ваколатҳои президентии худро аз даст дод.
Аз охири моҳи ноябр гурӯҳҳои мусаллаҳ чанд шаҳри бузурги Сурия, аз ҷумла шаҳри Димишқро ишғол кардаанд. Рӯзи 8 декабр намояндагони мухолифин тариқи телевизиони давлатӣ эълон карданд, ки назорат бар кишварро барқарор кардаанд.
Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Русия, бо бархе аз ширкаткунандагони даргириҳо музокира анҷом дод ва дар ҷараёни он тасмим гирифт, ки аз мақомаш истеъфо диҳад ва ҷумҳуриро тарк кунад. Москва дар ин музокирот иштирок накард.
Баъдан як манбаъ дар Кремл ба РИА Новости гуфт, ки Асад ва аъзои хонаводааш ба пойтахти Русия омадаанд, ва ба далоили башардӯстона ба онҳо паноҳгоҳ дода шудааст.
Ҳамсӯҳбати оҷонсӣ ҳамчунин қайд кард, ки мақомоти Русия бо намояндагони мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки раҳбарони онҳо амнияти пойгоҳҳои низомӣ ва муассисаҳои дипломатиро дар қаламрави Сурияро кафолат дода буданд, дар тамос ҳастанд.
Ҳукумати муваққати Сурияро дар давраи гузариш Муҳаммад ал-Башир раҳбарӣ дорад.