Рубл гарону доллару евро каме арзон шуд: қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2024
Обуна шудан
Арзиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ боз 2,6 сомонӣ боло ёфтааст, ки болотарин нишондоди тақвияти якбора давоми чан муддат аст
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон рубли русӣ ҳафтаро бо каме гаронӣ оғоз кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар ҳоло 1000 рубли русӣ 107,7 сомонӣ қимат дорад.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ мешуд ин миқдорро бо қимати 105,1 сомонӣ харид.
Бар хилофи рубл, қимати доллари евро арзонтар шудааст.
Ҳамин тавр, агар ду рӯз қабл як доллар 10,9353 сомонӣ қимат дошт, ҳоло 10,9238 сомонӣ арзиш дорад.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, ҳоло ҳар евроро 11,4623 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 11,4897 сомонӣ қимат дошт.
Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2024
БМТ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарону рубл арзон шуд
Ёдовар мешавем, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз серистифодатарин асъор ба шумор меравад ва ахиран якбора коҳиш ёфтани он сокинонро сахт нигарон карда буд.
Ҳамин тариқ, 28 ноябр дар кишвар 1000 рубл ба 96 сомонӣ ва ҳатто дар бонкҳо аз ин ҳам поин харидуфурӯш гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон он замон бо шарҳи вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор онро ба таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, рабт дод.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0