https://sputnik.tj/20241130/bmt-qurb-dollar-tojikiston-garonu-rubl-arzon-1065324994.html
БМТ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарону рубл арзон шуд
БМТ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарону рубл арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ БМТ мегӯяд, воситаю имконият ва захираҳои заруриро дорад
2024-11-30T12:47+0500
2024-11-30T12:47+0500
2024-11-30T12:47+0500
дар тоҷикистон
бмт
доллар
рубл
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031863597_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_5a71155b93c606ec4bc294de43abc990.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор дар рӯзҳои охирро шарҳ дод.Ин ниҳод ба аҳолӣ гуфтааст, ки вазъият дар бозори дохилии асъори кишвар рӯзҳои охир бо назардошти таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, арзёбӣ мегардад.Тағйирёбии қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар ин давра зери таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ, аз ҷумла устувор шудани доллари ИМА нисбат ба асъори давлатҳои рӯ ба инкишоф, якбора коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллар, бинобар авҷ гирифтани муноқишаҳои геосиёсӣ ва иқтисодӣ дар рӯзҳои охир ва дигар омилҳо қарор дорад. Дар натиҷа чунин омилҳо сабаби ба вуҷуд омадани номуайяниҳо дар бозорҳои асъории минтақа гардидаанд, гуфтааст манбаъ.БМТ таъкид кардааст, ки "Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат" давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи "шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб" асосёфта татбиқ мегардад. Вобаста ба ҳолати бавуҷудомада Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин тағйирёбӣ ва лаппишнокиҳои муваққатиро дар бозори асъор зери мушоҳида ва таҳлили мунтазам қарор медиҳад.Гуфта мешавад, ки барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ БМТ воситаю имконият ва захираҳои заруриро дорост, ки дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро истифода менамояд.
https://sputnik.tj/20241125/uft-bashiddat-rubl-tojikiston-1065253464.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031863597_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_950c55439e0372694df79342226d60ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бмт қурб доллар тоҷикистон гарон рубл арзон
бмт қурб доллар тоҷикистон гарон рубл арзон
БМТ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарону рубл арзон шуд
Барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ БМТ мегӯяд, воситаю имконият ва захираҳои заруриро дорад
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор дар рӯзҳои охирро шарҳ дод.
Ин ниҳод ба аҳолӣ гуфтааст, ки вазъият дар бозори дохилии асъори кишвар рӯзҳои охир бо назардошти таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, арзёбӣ мегардад.
Тағйирёбии қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар ин давра зери таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ, аз ҷумла устувор шудани доллари ИМА нисбат ба асъори давлатҳои рӯ ба инкишоф, якбора коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллар, бинобар авҷ гирифтани муноқишаҳои геосиёсӣ ва иқтисодӣ дар рӯзҳои охир ва дигар омилҳо қарор дорад.
Дар натиҷа чунин омилҳо сабаби ба вуҷуд омадани номуайяниҳо дар бозорҳои асъории минтақа гардидаанд, гуфтааст манбаъ.
БМТ таъкид кардааст, ки "Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат" давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи "шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб" асосёфта татбиқ мегардад.
"Тибқи реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар гардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат менамояд",- афзудааст танзимкунандаи асъор.
Вобаста ба ҳолати бавуҷудомада Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин тағйирёбӣ ва лаппишнокиҳои муваққатиро дар бозори асъор зери мушоҳида ва таҳлили мунтазам қарор медиҳад.
Гуфта мешавад, ки барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ БМТ воситаю имконият ва захираҳои заруриро дорост, ки дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро истифода менамояд.