https://sputnik.tj/20241209/rubl-dar-tojikiston-garon-shud-1065423618.html
Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд
Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Қимати пули русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ боз 4 сомонӣ боло ёфтааст, ки болотарин нишондоди тақвияти якбора давоми чан муддат аст
2024-12-09T09:22+0500
2024-12-09T09:22+0500
2024-12-09T09:22+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон рубли русӣ ҳафтаро бо гаронӣ оғоз кард.Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар ҳоло 1000 рубли русӣ 109,7 сомонӣ қимат дорад.Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ мешуд бо қимати 105,7 сомонӣ харид.Қурби доллар бошад, беист ҳамоно боло меравад. Ҳамин тавр, агар ду рӯз қабл як доллар 10,8916 сомонӣ қимат дошт, ҳоло 10,9190 сомонӣ арзиш дорад.Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли гаронӣ дорад.Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11,5534 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 11,4667 сомонӣ қимат дошт.Марвид ба зикр аст, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз серистифодатарин асъор ба шумор меравад ва ахиран якбора коҳиш ёфтани он сокинонро сахт нигарон карда буд.Ёдовар мешавем, ки 28 ноябр дар кишвар 1000 рубл ба 96 сомонӣ ва ҳатто дар бонкҳо аз ин ҳам поин харидуфурӯш гардид.Бонки миллии Тоҷикистон ахиран вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор онро ба таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, рабт дод.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20241130/bmt-qurb-dollar-tojikiston-garonu-rubl-arzon-1065324994.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл тоҷикистон гарон
Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд
Қимати пули русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ боз 4 сомонӣ боло ёфтааст, ки болотарин нишондоди тақвияти якбора давоми чан муддат аст
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон рубли русӣ ҳафтаро бо гаронӣ оғоз кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар ҳоло 1000 рубли русӣ 109,7 сомонӣ қимат дорад.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ мешуд бо қимати 105,7 сомонӣ харид.
Қурби доллар бошад, беист ҳамоно боло меравад. Ҳамин тавр, агар ду рӯз қабл як доллар 10,8916 сомонӣ қимат дошт, ҳоло 10,9190 сомонӣ арзиш дорад.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли гаронӣ дорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11,5534 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 11,4667 сомонӣ қимат дошт.
Марвид ба зикр аст, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз серистифодатарин асъор ба шумор меравад ва ахиран якбора коҳиш ёфтани он сокинонро сахт нигарон карда буд.
Ёдовар мешавем, ки 28 ноябр дар кишвар 1000 рубл ба 96 сомонӣ ва ҳатто дар бонкҳо аз ин ҳам поин харидуфурӯш гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон ахиран вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор онро ба таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, рабт дод.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.