БАОР самтҳои асосии рушди иқтисоди Тоҷикистонро номбар кард

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2024
Обуна шудан
Тибқи пешгӯии рушди иқтисодии БАОР барои солҳои 2025-2027, кишвар дар бахши кишоварзӣ ва истеҳсолоти саноатӣ рушд хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бонки Авруосиёии таҷдид ва рушд пешгӯии макроиқтисодии Тоҷикистонро барои солҳои 2025-2027 муаррифӣ карда, дар он самтҳои асосии рушди нишондиҳандаҳои кишварро номбар кардааст.
Ба ин тартиб, бино ба гузориш, дар ду соли оянда дар кишвар рушди бахши кишоварзӣ, тавлидоти саноат, тиҷорат ва сохтмон мушоҳида мешавад.
Дар мавриди ММД бошад, он 8,4% афзуда, афзоишро идома медиҳад.
Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ 3,9 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар миёни кишварҳои узви БАОР мебошад.
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2024
БАОР интизор аст, ки Тоҷикистон сиёсати пулию қарзиашро сустар хоҳад кард
Аммо дар ду соли оянда афзоиши қимати коло ва хидматрасонӣ ба далели тақозои дохилӣ ва эҳтимоли коҳиши қурби сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Дар робита ба хатарҳо, пешгӯии БАОР равшан мекунад, ки онҳо бо омилҳои беруна алоқаманданд.
Ҳамин тариқ, агар рушди заифи иқтисодҳои кишварҳои пешрафта ва коҳиши афзоиши ММД дар дарозмуддат дар Чин ба таври қобили мулоҳиза дар муқоиса бо сенарияи асосӣ поин рафтани қимати коло гардад, Тоҷикистон ба коҳиши даромади содирот мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Алоҳида зикр мешавад, ки поинравии эҳтимолии қимати тило як манбаи дигари берунии хатарҳо барои иқтисоди Тоҷикистон аст.
Дар соли 2024 нархи тило ба таври қобили мулоҳиза боло рафта, ба баландтарин нуқтаи таърихӣ расид.
Аммо тибқи пешбинии ин бонк, қимати тило ба далели омилҳои мухталиф, аз қабили мутаваққиф шудани коҳиши фоизии бонкҳои пешрафтаи марказӣ ва ё коҳиши танишҳои геополитикӣ метавонад поин равад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2024
Аз масъалаи кишоварзӣ то пешвози ҷашни Наврӯз: Дар маҷлиси ҳукумат Раҳмон чӣ супоришҳо дод
БАОР таъкид мекунад, ки тило тақрибан нисфи содироти Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва поин рафтани арзиши он метавонад ба иқтисоди ин кишвар таъсир расонад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, дар ҷаласаи ҳукумат ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро барои соли 2025 эълон карда буд.
Вай зикр кард, ки ба хазина бояд 49,5 млрд сомонӣ ворид шавад, ки нисбат ба соли 2024 6,6 млрд зиёд аст. Ғайр аз ин, барои соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ хароҷот 23,9 млрд сомонӣ пешбинӣ шуда, ба соҳаи иқтисодиёт 15,2 млрд сомонӣ ихтисос дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0